IRS таҷҳизоти вазнченкунӣ дар роҳро ҷорӣ месозад

Намояндагони Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» (IRS) вохӯриҳои кории худро дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Туркия оғоз бахшиданд. Бино ба иттили сомонаи расмии ширкат, ҳайати корӣ аз ширкати пешбари истеҳсолкунандаи таҷҳизоти вазнченкунӣ дар Туркия – Тунайлар боздид ба амал овард. Зимни боздид бо аъзои Шӯрои Директорони ширкати Тунайлар ва мутахассисони пешбари он як қатор […]

ASIA-Plus


Намояндагони Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» (IRS) вохӯриҳои кории худро дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Туркия оғоз бахшиданд.

Бино ба иттили сомонаи расмии ширкат, ҳайати корӣ аз ширкати пешбари истеҳсолкунандаи таҷҳизоти вазнченкунӣ дар Туркия – Тунайлар боздид ба амал овард. Зимни боздид бо аъзои Шӯрои Директорони ширкати Тунайлар ва мутахассисони пешбари он як қатор вохӯриҳо гузаронда шуданд. Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкориҳо муҳокима ва масъалаҳои беҳтарсозии истгоҳҳои вазнченкунӣ бо дарназардошти талаботи муосир баррасӣ гардиданд.

Узви Шӯрои Директорони ширкати Тунайлар ба ҳайати намояндагон оиди гирифтани тендери нав барои татбиқи беш аз 39 адад таҷҳизоти вазнченкунӣ аз Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии операторони зербиноии роҳҳои автомобилгард аз ҷорӣ намудани механизми вазнченкунӣ – афзоиши муҳлати коршоямии роҳҳо мебошад. Дар мисоли Ҷумҳурии Туркия, пас аз оғози марҳилаи татбиқи фаъоли истгоҳҳои вазнченкунӣ, муҳлати хизматрасонии роҳҳо, дар муқоиса бо давраҳои пешин, 3-4 маротиба афзоиш ёфтааст, ва ҳамин тариқ, барои рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар такони ҷиддӣ бахшида шуд.

Намояндагони Филиал бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ширкати Тунайлар шиносоӣ пайдо карданд. Ҳамчунин аз истгоҳи вазнченкунӣ, воқеъ дар наздикии плазаи толлингии Махмутбей дидан карда, дар амал ҷараёни назорати сарбории вазни умумӣ ва сарбории тири меҳвари нақлиёти боркаш дар Истамбулро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.