Вазорати маориф: Беш аз 44 ҳазор довталабон ба макотиби олӣ ҳуҷҷат супориданд

Соли равон барои қабул шудани ба макотиби олии Тоҷикистон беш аз 44 ҳазор довталабон ҳуҷҷат супориданд ва ба ин шумор доваталабони ба муассисаҳои таълимии  сохтори қудратӣ ҳуҷҷатсупорида дохил намешаванд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ хабар доданд, ҳанӯз шумори ниҳоии доваталабони дохилшуда маълум нест, зеро дар баъзе макотиби олӣ қабули имтиҳонҳо […]

ASIA-Plus


Соли равон барои қабул шудани ба макотиби олии Тоҷикистон беш аз 44 ҳазор довталабон ҳуҷҷат супориданд ва ба ин шумор доваталабони ба муассисаҳои таълимии  сохтори қудратӣ ҳуҷҷатсупорида дохил намешаванд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ хабар доданд, ҳанӯз шумори ниҳоии доваталабони дохилшуда маълум нест, зеро дар баъзе макотиби олӣ қабули имтиҳонҳо то 27-уми август идома меёбанд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти мавҷуда ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – беш аз 6 ҳазор, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон – беш аз 4 ҳазор, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд – беш аз 4 ҳазор, Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав – ҳудуди 4 ҳазор ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ – беш аз 2 ҳазор нафар доваталбон ҳуҷҷат супоридаанд, ки миёни макотиби олии кишвар пешсафанд.

Дар Вазорати маорифи кишвар зикр карданд, ки сарфи назар аз асри технологияҳои иттилоотӣ, ҷавонон бештар ба касбҳои омӯзгор, табиб ва иқтисодчӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва дар ин робита, факултаҳои омӯзгорӣ пешсафанд, зеро дар тамоми макотиби олӣ чунин факултаҳо амал доранд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф, соли гузашта ба макотиби олии Тоҷикистон 35 ҳазору 886 нафар довталабон қабул шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.