Баррасии танзими оқилонаи захираҳои обии ҳавзаи Арал дар Душанбе

Дар чорабинии мавзӯӣ таҳти унвони «Таҳлили сенарияҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ҳавзаи баҳри Арал» иштирокчиёни Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об масоили танзими оқилонаи захирахои обии ҳавзаи бахри Аралро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки муколамаҳо дар мавзӯи низоми алтернативии идоракунии захираҳои обӣ идома доранд, вале оид […]

Заррина Эргашева


Дар чорабинии мавзӯӣ таҳти унвони «Таҳлили сенарияҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ҳавзаи баҳри Арал» иштирокчиёни Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об масоили танзими оқилонаи захирахои обии ҳавзаи бахри Аралро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки муколамаҳо дар мавзӯи низоми алтернативии идоракунии захираҳои обӣ идома доранд, вале оид ба усулҳои тақсимоти захираҳои обӣ ҷонибҳо назари хеле гуногун дошта, идоракунии захираҳои обии минтақавии ҳавзаи бахри Арал раванди мушкил аст.

«Бинобар сабаби зуҳури тамоилҳои иқтисодӣ ва демографӣ, афзоиши талабот ба нерӯи барқ ва маҳсулоти ғизойӣ, тағйирёбии иқлим ин мушкилот бештар гардида, таҳлили сохтори робитаи мутақобилаи хоҷагии обу энергетика ва кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ қабули тарзи инноватсионӣ ба мисли «андешаронии сенариявӣ»-ро тақозо мекунанд», – зикр кард зимни ибрози андешаи худ намояндаи Комиссияи иқтисодии Аврупо Бо Либерт.

Ба гуфтаи ӯ, «андешаронии сенариявӣ» аз раванди машварати бисёрҷониба ҷиҳати номуайян будани дурнамои дарозмуҳлат мавриди истифода бояд қарор бигирад. Бо мақсади омӯзиши методҳои имконпазири беҳбуди идоракунии захираҳои об, якчанд намунаҳои таҷрибаи он дар ҳавзаҳои фаромиллӣ пешниҳод гардид.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 20 сол қабл миёни панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон оид ба идоракунӣ, истифода ва ҳифзи муштараки захираҳои обии фаромиллӣ созишнома ба имзо расида буд. Бо мақсади ҳалли масоили муҳим, аз ҷумла пешгирии фалокати экологӣ, бо ташаббуси сарони кишварҳо Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал таъсис дода шуд.

Бино ба маълумоти коршиносон, чанд даҳсола пеш шумори аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ 40 млн. ва имрӯз 63 млн. нафар ва майдони заминҳои обёришаванда мутаносибан каме бештар аз 2,5 млн. ва имрӯз беш аз 9 млн. гектарро ташкил медиҳанд ва ин маънои онро дорад, ки истифодаи об даҳҳо маротиба афзудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.