Боздиди дипломати Британия аз Агентии назорати маводи нашъаовар

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи мухаддиротӣ дар ҶТ ва ҳамкориҳои минбаъда директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия  Рустам Назаров бо  муовини директори Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи ВКХ Британияи Кабир хонум  Даяна Маккелви вохӯрӣ баргузор намуд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ директори Агентӣ хонум […]

ASIA-Plus


Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи мухаддиротӣ дар ҶТ ва ҳамкориҳои минбаъда директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия  Рустам Назаров бо  муовини директори Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи ВКХ Британияи Кабир хонум  Даяна Маккелви вохӯрӣ баргузор намуд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ директори Агентӣ хонум Маккелвиро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.

Ғайр аз ин Р. Назаров ба меҳмон дар бораи ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа, ҳамчунин дар бораи гузаронидани аввалин чорабиниҳои байналмилалии зиддимухаддиротӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо  Афғонистон ва Қирғизистон  маълумот дод.

«Дар навбати худ хонум  Даяна Маккелви  ба фаъолияти Агентӣ  ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар  дар самти мубориза  бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои баланд дод.«Дар айни замон Агентӣ яке аз мақомоти баландпоя ва касбӣ ба шумор меравад ва метавонад аз натиҷаҳои ба даст овардааш ифтихор намояд»- қайд намуд ӯ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.