Баррасии масоили амалисозии лоиҳаҳо дар доираи CASA-1000 бо БАОР

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмидинов рӯзи 22-юми август бо намояндагони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати ин бонк Сергей Шаталов мулоқот орост. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо дурнамои барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва дар давраи миёнамуҳлат барои солҳои 2014-2016 ва ҳамчунин ҳамоҳангсозии муносибатҳои дуҷониба ва бо дигар созмонҳои байнулмилалии […]

Заррина Эргашева


Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмидинов рӯзи 22-юми август бо намояндагони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати ин бонк Сергей Шаталов мулоқот орост.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо дурнамои барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва дар давраи миёнамуҳлат барои солҳои 2014-2016 ва ҳамчунин ҳамоҳангсозии муносибатҳои дуҷониба ва бо дигар созмонҳои байнулмилалии молиявиро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои рушди бахши энергетика дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии таҷҳизоти куҳнашудаи нерӯгоҳи Роғун, масъалаи таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии сохтмони хатти баландшиддати барқи CASA-1000  ва имконоти истифодаи дигар сарчашмаҳои алтернативии энергия таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

«Ҳамкории Тоҷикистону БАОР тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ва ҳамоҳангсозии иқдомоти муштарак сурат мегирад. Баргузории ислоҳоти муваффақона ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон сол то сол тамоили пастравиро касб кард», – зикр кард Шаталов.

Вазири молияи Тоҷикистон самаранокии ҳамкорӣ бо БАОР дар баргузории ислоҳоти ниҳодӣ дар кишварро таъкид намуда, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди дуҷониба густариши бештар пайдо хоҳанд кард.

Бонки авруосиёии рушд созмони байнулмилалии молиявӣ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Алмаато воқеъ аст. Ҳаҷми сармояи оинномавии БАОР беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Он аз ҳисоби саҳми кишварҳои узви бонк: Русия – 1 млрд., Қазоқистон – 500 млн., Белорус – 15 млн., Тоҷикистон – 500 ҳазор, Арманистон- 100 ҳазор ва Қирғизистон – 100 ҳазор доллари ИМА ташаккул ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.