Эълони озмуни такрорӣ барои идомаи сохтмони аквапарки Душанбе

Мақомоти шаҳрдории пойтахт баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳа ва интихоби пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар ш. Душанбе» озмуни такрорӣ эълон намуд. Бино ба маълумоти як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе, пас аз эълони озмун моҳи феврали соли 2013, як қатор лоиҳаҳо пешниҳод гардида, вале онҳо ба талаботи озмун ҷавобгӯ набуданд, аз ин рӯ, натиҷаҳои […]

ASIA-Plus


Мақомоти шаҳрдории пойтахт баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳа ва интихоби пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар ш. Душанбе» озмуни такрорӣ эълон намуд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе, пас аз эълони озмун моҳи феврали соли 2013, як қатор лоиҳаҳо пешниҳод гардида, вале онҳо ба талаботи озмун ҷавобгӯ набуданд, аз ин рӯ, натиҷаҳои онҳо бекор шуморида мешаванд.

«Муҳлати пешниҳоди аризаҳо барои иштирок дар озмун то 21-уми сентябр муқаррар шуда, онҳо на дертар аз 25-уми сентябр дар ҷаласаи комисиияи озмун баррасӣ мешаванд», – хабар медиҳад мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати комиссияи озмун таҳти роҳбарии президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Баҳоваддин Зуҳуриддинов ба ҷуз намояндагони ташкилотҳои лоиҳакашии ҷумҳуриявӣ ва пойтахт, коршиноси байнулмилалӣ оид ба баҳодиҳӣ ба амволи ғайриманқул Франк-Михаэл Адам низ шомил аст.

Ёдрас мекунем, ки бунёди аквапарки пойтахт ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби ширкати туркии «Эмек Прожект Лимитед Ширкати» оғоз гардида, вале ширкат уҳдадориҳои худро оид ба сохтмони иншоот ба иҷро нарасонид.

Пас аз 5 моҳи имзои қарор ширкати туркӣ бо ишора ба ҳолати ғайримунтазира корҳои сохтмонро қатъ намуд. Моҳи феврали соли 2003, замони имзои қарордод ширкат ният дошт, ки масолеҳи сохтмонро аз Русия харидорӣ намояд, вале моҳи дигар нархи онҳо 200% боло рафта, он сабаби қатъи корҳои сохтмонӣ шуд.

Аквапарк яке аз таркибҳои маҷмааи «Пойтахт-80» мебошад, ки ифтитоҳи он бояд 15-уми ноябри соли 2004 доир мегардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.