Ифтитоҳи бахши ЮНЕСКО дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар доираи сафари аввали худ ба Тоҷикистон директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова ба фаъолияти бахши ин ташкилот дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид. Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, Бокова ҳамчунин аз Боғи миллии Тоҷикистон боздид кард, ки имсол ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил […]

ASIA-Plus


Дар доираи сафари аввали худ ба Тоҷикистон директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова ба фаъолияти бахши ин ташкилот дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, Бокова ҳамчунин аз Боғи миллии Тоҷикистон боздид кард, ки имсол ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.

Сафари кунунии Бокова ба Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди узвияти Тоҷикистон ба ЮНЕСКО сурат гирифта, ӯ ҳамчунин дар кори Конфронси байнулмиллаи сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20-21-уми август дар Душанбе баргузор шуд, ширкат варзид.

Дар чаҳорчӯби ин сафар директори генералии ЮНЕСКО бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазирони корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Тоҷикистон гуфтушунид анҷом дод. Ӯ бо сафари дурӯзаи расмӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон раҳсипор гардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.