Коҳиши назарраси шумори мусофирони қатораи самти Маскав

Бинобар сабаби коҳиши шумори мусофирон, ҶСК «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маҷбур шуд, ки шумори қатораҳои хатсайри Душанбе-Маскавро кам кунад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, шумори қатораҳои ин самт аз панҷ то ба се қатора кам карда шуд. «Коҳиш ё афзоиши шумори мусофирон раванди маъмулӣ аст. Шояд баъди як ҳафта вазъ […]

Заррина Эргашева


Бинобар сабаби коҳиши шумори мусофирон, ҶСК «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маҷбур шуд, ки шумори қатораҳои хатсайри Душанбе-Маскавро кам кунад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, шумори қатораҳои ин самт аз панҷ то ба се қатора кам карда шуд.

«Коҳиш ё афзоиши шумори мусофирон раванди маъмулӣ аст. Шояд баъди як ҳафта вазъ тағйир ёбад – ё минбаъд коҳиш ёфта ва ё афзоиш меёбад», – гуфтанд дар корхона.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба таҷдиди парк яке аз қатораҳои равуокунанда ба қатораи нав иваз шуда, дар қатораҳои дигар таъмири нақшавӣ гузаронида шуд. Ғайр аз ин, соли равон ҳудуди 100 вагони нави мусофирбар харидорӣ мегардад.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта 306 вагони боркаш, 15 вагони мусофирбар ва 4 тепловоз харидорӣ шуд. Ба ахири соли 2012 парки амволи «КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 119 вагони боркаш, 439 вагони мусофирбар ва 59 тепловоз иборат буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.