То ахири соли 2016 Созмони Милали Муттаҳид АНМН-ро дастгирӣ мекунад

Зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти ҶТ генерал-лейтенати милиса Рустам Назаров бо намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Александр Сичёв зикр гардид, ки ин сохтор дастгирии Агентиро то соли 2016 идома медиҳад. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкории мутақобила дар […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти ҶТ генерал-лейтенати милиса Рустам Назаров бо намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Александр Сичёв зикр гардид, ки ин сохтор дастгирии Агентиро то соли 2016 идома медиҳад.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкории мутақобила дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамчунин ҷараёни амалисозии лоиҳаи Раёсати мазкури СММ «Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ – марҳилаи III», ки ахири соли 2013 ба итмом мерасад ва ҳамкориҳо бо Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо маводи мухаддир баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл ҳамчунин вохӯрии директори Агентӣ бо намояндаи махсуси дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда, сафир Мирсолав Енча низ баргузор шуд.

Зимни мулоқоти бо ташаббуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгиркунанда дар Осиёи Марказӣ барпошуда директори Агентӣ сафирро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.