Моҳи марти соли 2013 ба Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон маълумот ворид гардид, ки духтараки ноболиғе аз Афғонистон ба Тоҷикистон омодаасту паноҳгоҳ меҷӯяд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон духтараки ноболиғ дарёфт шуда, баъдан барои мусоидат намудан баҳри эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ, кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.
Гуфта мешавад, айни замон бо мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дастгирии комиссияи назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Вазорати корҳои дохилию Вазорати маорифи Тоҷикистон Ф.М. бо ҷои хоби доимӣ ва таълим фаро гирифта шудааст.



