Тренинг дар мавзӯи ошкор сохтани ҳуҷҷатҳои сохта барои марзбонони тоҷику афғон

Тренинги якҳафтаина дар мавзӯи ошкор сохтани ҳуҷҷатҳои сохта ва мубориза бо убури ғайриқонунии марз, ки дар доираи кӯшишҳо баҳри таҳкими имконоти кормандони мақомоти марзбонӣ барои 22 нафар марзбонону афсарони тоҷику афғон аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд, имрӯз ба итмом расид. Бино ба маълумоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, барномаи давраи омӯзишӣ аз […]

ASIA-Plus


Тренинги якҳафтаина дар мавзӯи ошкор сохтани ҳуҷҷатҳои сохта ва мубориза бо убури ғайриқонунии марз, ки дар доираи кӯшишҳо баҳри таҳкими имконоти кормандони мақомоти марзбонӣ барои 22 нафар марзбонону афсарони тоҷику афғон аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд, имрӯз ба итмом расид.

Бино ба маълумоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, барномаи давраи омӯзишӣ аз масоили сохтор ва хусусияти назорати муосири марзӣ, ошкор сохтани ҳуҷчатҳои сохтаи хурӯҷ, пешгирии убури ғайриқонунии марз ва дигар фаъолияти ҷинояткоронаи фаромилии марбут ба ҳуҷчатҳои сохта иборат буд.

Коршиноси пулиси миллии Туркия оид ба ин масъалаҳо бо иштирокчиёни тренинг машғулиятҳои амалӣ доир намуда, онҳо бо шумори зиёди намунаи ҳуҷчатҳои баргузории таҳлили чунин ҳодисаҳо ва тарзи кори таҷҳизоти муосир барои назорати ҳуҷчатҳо аз наздик ошно гардиданд.

Сафир Маркус Мюллер, роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон иштирокчиёнро бо хатми давраи омӯзишӣ табрик гуфта, аз ҷумла изҳор намуд: «Ба такмили малакаҳои кории марзбонони тоҷику афғон натанҳо ҳамчун ба воситаи афзоиши имконот ва самаранокии кори онҳо дар посгоҳҳои назорати марзӣ бояд нигарист, балки он ҳамчунин як саҳмест дар рушд ва таҳкими ҳамкории фаромарзӣ миёни ду кишвар ва тарзи муосиру пурсамари мубориза бо ҷинояткории фаромиллист».

Дар маросими супурдани дипломҳо намояндагони нерӯҳои марзбонии ҶТ ва сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат варзиданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.