Ояндаи наздик пленуми Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир гардида, дар он санаи баргузории анҷумани пешазинихоботии ҳизб муқаррар мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари шуъбаи таблиғоти ҲХДТ Усмон Солеҳов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ конфронсҳои ҳисоботӣ-интихоботии бахшҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб ҷараён дошта, дар онҳо вакилони конфронсҳои вилоятӣ ва анҷумани ҳизб интихоб мешаванд. «Масъалаи асосии анҷуман пешбарии номзад аз ҲХДТ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон аст», – афзуд номбурда.
Қариб аксари коршиносон ва сиёсатшиносони Тоҷикистон мутмаинанд, ки ба сифати номзад аз ҲХДТ ба мансаби президентӣ пешвои ҳизб, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ хоҳад шуд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.
Мутобиқи талаботи қонунгузории кишвар, президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад. Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.
Аҳзоби сиёсӣ, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи тоҷикистон, Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон, маҷлиси намояндагони вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилояту Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳия ва шаҳрҳои тобеи марказ ба пешбарии номзадҳо ба мансби президентӣ ҳуқуқ доранд.
Пас аз ба даст овардани на камтар аз 5%-и имзои интихобкунандагон аз шумори умумии шаҳрвандони овоздиҳандаи ҷумҳурӣ ба дастгирии худ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзад ба президентро расман ба қайд мегирад.



