Номзади ҲХДТ дар анҷумани пешазинтихоботӣ эълон мешавад

Ояндаи наздик пленуми Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир гардида, дар он санаи баргузории анҷумани пешазинихоботии ҳизб муқаррар мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари шуъбаи таблиғоти ҲХДТ Усмон Солеҳов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ конфронсҳои ҳисоботӣ-интихоботии бахшҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб ҷараён дошта, дар онҳо вакилони […]

Аваз Юлдошев


Ояндаи наздик пленуми Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир гардида, дар он санаи баргузории анҷумани пешазинихоботии ҳизб муқаррар мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари шуъбаи таблиғоти ҲХДТ Усмон Солеҳов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ конфронсҳои ҳисоботӣ-интихоботии бахшҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб ҷараён дошта, дар онҳо вакилони конфронсҳои вилоятӣ ва анҷумани ҳизб интихоб мешаванд. «Масъалаи асосии анҷуман пешбарии номзад аз ҲХДТ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон аст», – афзуд номбурда.

Қариб аксари коршиносон ва сиёсатшиносони Тоҷикистон мутмаинанд, ки ба сифати номзад аз ҲХДТ ба мансаби президентӣ пешвои ҳизб, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ хоҳад шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мутобиқи талаботи қонунгузории кишвар, президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад. Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Аҳзоби сиёсӣ, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи тоҷикистон, Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон, маҷлиси намояндагони вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилояту Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳия ва шаҳрҳои тобеи марказ ба пешбарии номзадҳо ба мансби президентӣ ҳуқуқ доранд.

Пас аз ба даст овардани на камтар аз 5%-и имзои интихобкунандагон аз шумори умумии шаҳрвандони овоздиҳандаи ҷумҳурӣ ба дастгирии худ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзад ба президентро расман ба қайд мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.