Бахтиёр 12
сол
дорад
. Ҳангоми
гуфтугӯ
худро канор мекашад ва а
з баёни озодонаи фикр истиҳола мекунад.
Ӯ
ро ба суҳбат кашидан кори осон нест. Нигоҳашро мегурезонад. Вале батадриҷ дилашро кушода, бо ифтихор мегӯяд, ки мақсадаш дар оянда ошпаз
шудан
аст.
Бахтиёр гирифтори фалаҷи дасту пой аст…
Модари ӯ Ҷамила Комилова мегӯяд, ки барои рушди фарзандаш муошират бо ҳамсолон намерасад. «Ман модари чаҳор фарзанде ҳастам, ки се нафарашон маъюбанд. Бахтиёр ва Манижабону як дард доранд: Бону гирифтори фалаҷи пой, аммо писарам мубталои фалаҷи ҳам дасту ҳам пой аст. Табибон баъд аз ташхис муайян карданд, ки бемории Бахтиёр кистаи базалии мағзи сар аст (киста базальных ядер головного мозга)», – гуфт Ҷамила ва оби дидагонаш рехт.
Аз сухани модар маълум гардид, ки Бахтиёр ва Манижабону комилан солим ба дунё омадаанд. Вале соли 2007 табобати кирми меъда ба кӯдакон асари манфӣ гузошта, онҳоро гирифтори чунин дард кардааст.
Аз рӯйи нақли Ҷамила, хатои табибон ҳангоми муолиҷа ба ғайр аз зарбаи равонӣ дар ҳаёти кӯдакон садде бунёд кард, ки шояд маҳвнопазир бошад. «Чӣ хеле ки мегӯянд: “Ноумед шайтон аст”. Бинобар ин, бо сад умед пайваста ба мутахассисони ватаниву хориҷӣ муроҷиат мекунам. Вале афсӯс, то имрӯз ягон кӯшиш самаре наовардааст. Ман бисёр хурсанд мешудам, агар дар ҳамин шабу рӯз ақаллан шароити мусоиде барои роҳгардии онҳо фароҳам карда тавонам».
Ба гуфтаи Ҷамила, ҳар ним сол барои фарзандонаш, ки дар айни рушди ҷисмониянд, ортези нав лозим аст. «Ба ҳамин хотир бори аввал дар соли 2010 ба корхонаи ортопедии шаҳри Душанбе барои гирифтани ортез, корсет ва пилаҳои махсус барои рост кардани пову даст муроҷиат кардам. Чун табиатан шахси ҳақталош ҳастам, дар завод ба фарзандонам дар давоми як моҳ тамоми маҳсулоти ортопедиро омода карданд. Вале ман нафаронеро дидам, ки ҳатто ду моҳу се моҳ интизори протез буданд. Вале сифати маҳсулоти ин корхона хуб нест»…
Вақте мушкилот ҳалли худро намеёбанд…
Раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»
Асадулло Зикрихудоев мегӯяд, имрӯз дар Тоҷикистон маъюбон мушкилоти зиёде доранд, ки ҳалли худро мехоҳанд. Ба андешаи ӯ, ҳатто хурдтарин масъалаи ин тоифа ҳоло ба мушкили бузурге табдил ёфтааст ва барои ҳалли он намояндагони мақомоти давлатӣ ҳар дафъа баҳонаҳо меҷӯянд. Ӯ таъкид дошт, ки ҳозир гап аслан сари мавзӯи мутобиқгардонии биноҳо ё сохтани иншооти дорои шароити мусоид намеравад, чун ин кор шояд дар ҳақиқат сарфи зиёди маблағ мехоҳад. Вале ҳадди ақал бо таҷҳизоти ортопедӣ таъмин кардани онҳо набояд мушкил бошад. «90% маъюбон дар Тоҷикистон бо протезҳо таъминанд, аммо бо чӣ навъ? Сифати онҳо нақши муҳим дорад. Ман аз таҷрибаи худам метавонам гӯям, аз сифати он ортез ва протезҳое, ки ҳоло ба ҷавонон сохта мешаванд, маъюбон розӣ нестанд. Чунки дар вақти қат кардани пой, шинаҳо шимро медаронанд», – гуфт Зикрихудоев. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар солҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ ортез ва протезҳо аз пӯлод ва чармҳои баландсифат омода карда мешуданд.
Сокини пойтахт Парвиз Бобошарифов, ки бо ду пойи сунъӣ мегардад, муддати 8 сол инҷониб наметавонад аз Корхонаи воҳиди давлатии «Заводи ортопедиву протезӣ» (КВД ЗПО), воқеъ дар ш.Душанбе, кӯчаи Қаротегин 1 протези нав гирад. «Аз соли 2005 то имрӯз, ҳар дафъае ки ба завод муроҷиат мекунам, бароям мегӯянд, маҳсулоту ашёи хом несту пас аз як сол боз муроҷиат кунам. Дар ин муддат ман аллакай соли 2009 бо ёрии дӯстонам ба Эрон рафта, барои як поям протези нав гирифтам. Аммо дар Душанбе бароям ҳамин протезҳоро ақаллан таъмир карда дода наметавонанд», – шикоят мекунад Бобошарифов.
Воқеан, Парвиз ягона маъюбе нест, ки бо чунин мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Ниёзмандони дигар низ, вақте ба ин коргоҳ муроҷиат мекунанд, ҳамон ҷавоберо мешунаванд, ки Парвиз шунидааст. Ҷонишини директори коргоҳи мазкур Давлатмурод Наимов ба онҳо мефаҳмонад, ки маҳсулот барои тайёр кардани протези нав нест ва бояд интизори моҳи ноябр шуд, чунки мутобиқи созишнома бо Женева, маҳсулоти зарурӣ танҳо дар охири моҳи октябр ба коргоҳ оварда мешавад.
Ва боз Хитой
Аммо директори заводи ортопедии мазкур Хоркаш Раҳмонов мегӯяд, корхона ҳеҷ мушкил дар масъалаи маҳсулот ва таҷҳизоту ашёи хом надоранд. Ба гуфтаи ӯ, корхона бо Хитой ва Швейтсария созишнома дорад ва ашёи хом ҳамеша саривақт таъмин карда мешавад. «Аммо маҳсулоти ортопедӣ бо назардошти масофаи тайшаванда аз Хитой ба Тоҷикистон зудтар мерасад ва тайи 2-3 моҳ аст, ки онро истифода мекунем. Сифати ашёи хитоӣ чанд маротиба аз маҳсулоти Швейсария хубтар аст», – мегӯяд Раҳмонов.
Вале директори филиали заводи мазкур дар шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Рустамов бар ин бовар аст, ки сифати маҳсулоти хитоӣ ба талабот ҷабогӯ нест, зеро баъзе аз қисматҳои протез ва ортезҳо ба вазн тоб оварда натавониста, зуд мешикананд. Суханҳои Б.Рустамовро ягона устои филиали мазкур Абдусамад Қурбонов низ тасдиқ кард.
Маълум мешавад, ки мушкилоти сифати хуб надоштани маҳсулот ва саривақт бо ашёи ортопедӣ таъмин нагардидани маъюбон дар вилояти Суғд ва ВМКБ низ вуҷуд дорад. Чунонки сардорони филиалҳои ин корхона дар ВМКБ, вилояти Суғд ва шаҳри Кӯлоб нақл карданд, дар ин минтақаҳо одамони дорои маълулият моҳҳо дар навбат меистанд. Ҳолати мазкур аз сабаби он рӯй медиҳад, ки филиалҳо танҳо таъмири маҳсулоти ортопедиро ба зимма дошта, барои пурра аз нав сохтани протезу ортез ва дигар намудҳои воситаҳои ортопедӣ имкон надоранд. Теъдоди муайяни эҳтиёҷмандони маҳсулоти ортопедӣ нахуст ҷамъ карда шуда, пасон ба пойтахт фиристода мешаванд, ки ин ҳам вақт металабад.
Муштарии заводи протезиву ортопедӣ аз ВМКБ Назардод Мамадюсупов соли 2002 бар асари садама аз пой маҳрум гардидааст. Дар ин миён ҳамагӣ як бор протез гирифтаву онро ду маротиба, бори охир соли 2010, таъмир кунонидааст. Чунонки Назардод мегӯяд, протези корхона барояш мувофиқ аст, зеро бо он озод роҳ рафта метавонад. Аммо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ (
http://www.amputee-coalition.org/fact_sheets/prosfaq.html
) ҳар 3 сол як маротиба чунин узвҳои маснуӣ бояд дигар карда шаванд.
Маблағ ҳаст, мушкилот низ…
Ҷонишини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Латофат Шарифова иттилоъ дод, ки ҳамасола аз буҷаи давлат барои таъмини заводи ортопедиву протезӣ беш аз 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Аммо директори заводи ортопедиву протезӣ Хоркаш Раҳмонов мегӯяд, аз буҷаи давлат барои хароҷоти корхона тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Аммо ба суоли мо, ки боқимонда 2 миллиону 300 ҳазор дар ин миён куҷо шудааст (1 доллар = 4 сомониву 76 дирам), Латофат Шарифова гуфт: «Ҳеҷ куҷо нашудааст, дар ин бора дубора занг зада, бароятон маълумот медиҳем». Вале на занг заданду на бо роҳи дигаре маълумоти дақиқ ба ихтиёрамон гузоштанд.
Ҳарчанд директори завод бо боварии том мегӯяд, ки коргоҳ ягон камбудӣ надорад ва ин маблағи ҷудомешуда ба пуррагӣ хароҷоти корхонаро мепӯшонад, мушоҳидаҳо аз вазъи дигар дарак медиҳанд: бино заҳ задаву деворҳояш кафидаанд, кормандонаш шикоят мекунанд, ки боми он мечакад. Директори корхона мегӯяд, имсол бино азнавсозӣ мешавад. Норасоии мутахассисон низ ба чашм мерасад. Ба гуфтаи кормандони ин муассиса, солҳои пеш 6 мутахассиси протезсози ҳирфаие, ки дар пойтахти Арманистон таҳсил дидаанд, кор мекарданд. Имрӯз аз ин теъдод як нафар корро давом дода истодааст, боқимонда аз сабаби паст будани маош онро тарк кардаанд. Яке аз собиқ мутахассисони ҳирфаӣ Эмомназар Шарипов, ки алъон муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия аст, бо сабаби паст будани маош аз кор рафтааст.
Аммо ба гуфтаи Хоркаш Раҳмонов, сарфи назар аз норасоии кадрҳои ботаҷриба, корхона кӯшиш мекунад, мутахассисони навро омода созад. Ин аст, ки ҳоло 6 ҷавон аз Ветнам пас аз таҳсил бозгашта, дар заводи ортопедиву протезии пойтахт фаъолият доранд. Маоши имрӯзаи кормандон 565 сомониро ташкил медиҳад.
Чунонки директори филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд Ҳошимҷон
Қосимов
ба мо гуфт, ҳоло дар Ветнам 3 нафар таҳсил доранд, ки ду нафарашон зан аст. Пас аз яку ним сол онҳо на танҳо таъмири маҳсулоти ортопедиро анҷом дода метавонанд, балки аз рӯйи стандартҳои нав дар филиали мазкур протез ҳам месозанд.
Сифати маҳсулотро кӣ назорат мекунад?
Солҳои пеш (соли 1993-2008) сифати маҳсулоти ортопедии корконаи мазкурро вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар, инчунин Кумитаи байналмилалии Салиби сурх (КБСС) назорат мекардаанд. Аз ҷониби мутахассисон ҳар моҳ мониторинги фаъолияти корхона анҷом дода мешу два барои беҳтар кардани сифати кор маслиҳатҳо ҳам медоданд. Тавре КБСС иттилоъ медиҳад, соли панҷум аст, ки назорати фаъолияти ин коргоҳ ба ӯҳдаи онҳо нест, зеро маблағгузории лоиҳа аз ҷониби кумита қатъ гардидааст. Ҳоло онҳо ҳамагӣ бо маслиҳатҳои техникӣ ва омӯзонидани кормандони коргоҳ машғуланду бас.
Маъюбон ҳам таҳсил ва ҷойи кор мехоҳанд
Масъалаи таҳсил ва таъмини маъюбон бо ҷойи кор ҳоло яке аз масоили мубрам ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти сравари Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни ҷумҳурӣ Холмаҳмад Тенгиев ва узви Созмони миллии ношунавоёни ҷумҳурӣ Нигина Мавлоназарова, шахсоне, ки дорои иллати гӯшу забону чашм
ҳастанд
(теъдоди умумии ин тоифа дар миқёси кишвар 35 ҳазор нафар аст), бештар аз набудани ҷойи кор ва дастрасӣ надоштан ба муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ азоб мекашанд.
Бино ба иттилои вазорати маорифи ҶТ, имрӯз дар 14 муассисаи махсус, аз ҷумла,
хона-интернатҳо ва
мактабҳои махсуси кишвар 7 ҳазору 526 кӯдаки маъюби дараҷаҳои гуногун таълим мебинанд. Соли сипаришуда ҳамагӣ 113 нафар синфҳои 9 ва 11-ро хатм кардаанд. Чунонки сардори раёсати интернатҳои ин вазорат Ҷалолиддин Амиров ба мо иттилоъ дод, ҳоло омори маъюбоне, ки айни замон ба таълиму тадрис ҷалб шудаанд ва ё одамони имконияташон маҳдуд, ки бо сабабе ба таълиму тарбия фаро гирифта нашудаанд, инчунин рӯйхати ҷавонони маъюбе, ки мактабу донишгоҳҳоро хатм кардаанд, вуҷуд надорад. Зеро то ин вақт зарурати тартиб додани чунин омор пеш наомадааст.
Тибқи маълумоти вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, соли 2012 аз ҳисоби бурсияҳои кории давлатӣ 174 шахси маъюб бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар нимсолаи аввали соли 2013 боз 96 нафар ҷойи кор ёфтанд.
Аммо Холмаҳмад Тангиев, раиси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноён мегӯяд, ки дар давоми 20 соли охир ҳамагӣ 4 нафар аз ҷамъияти нобиноёни кишвар муассисаҳои олии кишварро хатм кардаанд. Ба яке аз хатмкардагони факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ (номаш бо хоҳиши мусоҳиб махфӣ нигоҳ дошта мешавад) барои ба кор шомил шудан дар яке аз корхонаҳо ҷавоби рад дода шудааст ва ба ин ҳолат маъюбон хеле зиёд дучор мешаванд.
Қонун кафолат медиҳад
Адвокати ваколатдор Сергей Романов мегӯяд, дар моддаи 26-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” омадааст: “Ба маъюбон тавассути баргузор намудани чорабиниҳои махсуси зерин, ки дараҷаи рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат баланд мебардоранд, кафолати шуғли меҳнатӣ дода мешавад: дар ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои онҳо муқаррар карда мешаванд; ҳавасмандгардонии ташкилотҳо барои таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ (аз ҷумла ҷойҳои махсуси корӣ) ҷиҳати бо кор таъминкунии маъюбон; фароҳам овардани шароити меҳнати мутобиқ ба барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон; фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории маъюбон; ташкил намудани омӯзиши касбҳои нав барои маъюбон. Дар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад. Ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъмин кардани маъюбон ба ҳар як ташкилот дар доираи квотаи муқарраргардидаи ба кор қабул намудани маъюбон муайян карда мешавад. Барои ташкилотҳое, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандии имтиёзнок муқаррар карда мешавад. Инчунин барои маъюбоне, ки кор мекунанд, аз ҷониби корфармоёни онҳо мутобиқ ба барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон шароити зарурии меҳнат фароҳам оварда мешавад. Имтиёзҳои иловагии маъюбон вобаста ба давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ, рухсатиҳои иловагӣ, инчунин дигар кафолатҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд”. Дар мавриде, агар ҳуқуқи одами маъюб поймол карда шавад, ӯ метавонад вобаста ба ҳолати вайрон шудани ҳақи қонунияш, ба мақмоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба прокуратура ва ё додгоҳ муроҷиат кунад».
Чунонки дар боло зикраш рафт, фарқ миёни ҳақиқати ҳол ва ҳуҷҷате, ки кафолати риоя шудани ҳуқуқҳои маъюбонро медиҳад, вуҷуд дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза ба ин тоифаи одамон зиндагӣ мушкил аст… Далели фикри мо гадоёни кӯчаҳоянд, ки қисми асосиашон маъюбанд. Ба гуфтаи чанд нафари онҳо, бо сабаби наёфтани ҷойи кори мувофиқ ва кам будани нафақа рӯ ба гадоӣ овардаанд.
Мувофиқи маълумоти вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳаҷми миёнаи нафақапулии маъюбон дар ҷумҳурӣ аз 100 то 315 сомонист. Давлат барои се фарзанди маъюби қаҳрамони мақолаи мо Ҷамила Комилова дар маҷмӯъ 300 сомонӣ нафақа медиҳад.
Аммо дар муқоиса бо Тоҷикистон аҳволи маъюбон дар кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ба маротиб беҳтар аст. Ба гуфти Олга Кузовлева, сардори раёсати вилоятии шуғли аҳолӣ ва барномаҳои иҷтимоии вилояти Қазоқистони
Шарқӣ
, дар ин кишвар кайҳост, масоили оддитарине, ки Тоҷикистон то кунун ҳалли онҳоро наёфтааст, аз ҷумла, мушкили протезу ортез пушти сар гардидааст.
***
Ба Ҷамила борҳо маслиҳат додаанд, то фарзандонашро ба муассисаҳои махсус супорад. Аз рӯйи иттилои вазорати маорифи кишвар, аз моҳи июни соли ҷорӣ то ба имрӯз 208 падару модар фарзандони маъюбашонро ба интернатҳои махсуси кишвар супурдаанд. Вале Ҷамила ба ин роҳ рафтанӣ нест, балки ӯ аз худ дур андохтани фарзандони ногирони худро хиёнат нисбат ба ҷигарбандон мешуморад. Зеро ӯ то ҳол ба ёд дорад, ки тифлаконаш рӯйи хона бо пойи равон бозӣ ва давутоз мекарданд, роҳ гашта метавонистанд. Воқеан, онҳо метавонистанд ҳаёти зебое дошта бошанд… Бо вуҷуди ин, модари зор намехоҳад, ки зандагии онҳо боз мушкилтару рӯзашон аз ин ҳам сиёҳтар шавад. Аз ин рӯ, талошашро барои таъмини ҳаёти осудаи фарзандонаш идома медиҳад…
Таҳқиқоти мазкур бо мусоидати лоиҳаи SCOOP ба нашр омода шудааст
(
www
.
i
–
scoop
.
org
)



