Истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 630 ҳазор $ дар МОИ Тоҷикистон

Соли равон субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 30 млн. сомонӣ (630 ҳазор $) маҳсулот истеҳсол карданд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи беш аз 29,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ба иттилои манбаъ, имсол дар қаламрави […]

ASIA-Plus


Соли равон субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 30 млн. сомонӣ (630 ҳазор $) маҳсулот истеҳсол карданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи беш аз 29,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ, имсол дар қаламрави МОИ «Данғара» корхонаи «Ю ва Ф сервис» ба фаъолият пардохт, ки аллакай дар ҳаҷми зиёда аз 265 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.

Гуфта мешавад,  дар МОИ «Панҷ» воқеъ дар ноҳияи Кумсангир 6 субъект ба қайд гирифта шуда, алҳол истеҳсоли маҳсулот дар онҳо роҳандозӣ нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон чор МОИ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудаанд. То имрӯз дар МОИ «Суғд» 18 субъект фаъолияташонро роҳандозӣ намудаанд, ки 11-тоашон корхонаҳои ватанӣ ва 7-тоашон корхонаҳои муштарак мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...