Чанде қабл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон доир гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои дахлдори масъул ба ин масъала иштирок карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо назардошти натиҷаҳои санҷиши комиссияи Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти прокуратураи пойтахт, М.Убайдуллоев ба роҳбари шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе Саид Атоев супориш дод, ки то 1-умидекабр пешниҳодоти мақомоти шаҳрдорӣ оид ба ивази пояҳои чӯбини такягоҳи шабакаҳои барқ ба пояҳои оҳану бетониро омода намояд.
«Раиси пойтахт аз воҳидҳои дахлдори ШСХК «Барқи тоҷик» бори дигар иҷрои қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30-юми марти соли 2013 дар бораи кашонидан ва захираи ангишт барои эҳтиёҷоти пойтахт дар ҳаҷми 116 ҳазор тоннаро талаб кард», – гуфт Ш.Саидов.



