Убайдуллоев бори дигар омодагиии пойтахт ба мавсими зимистонро санҷид

Чанде қабл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон доир гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои дахлдори масъул ба ин масъала иштирок карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо назардошти натиҷаҳои санҷиши комиссияи Маҷлиси вакилони халқ ва […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон доир гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои дахлдори масъул ба ин масъала иштирок карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо назардошти натиҷаҳои санҷиши комиссияи Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти прокуратураи пойтахт, М.Убайдуллоев ба роҳбари шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе Саид Атоев супориш дод, ки то 1-умидекабр пешниҳодоти мақомоти шаҳрдорӣ оид ба ивази пояҳои чӯбини такягоҳи шабакаҳои барқ ба пояҳои оҳану бетониро омода намояд.

«Раиси пойтахт аз воҳидҳои дахлдори ШСХК «Барқи тоҷик» бори дигар иҷрои қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30-юми марти соли 2013 дар бораи кашонидан ва захираи ангишт барои эҳтиёҷоти пойтахт дар ҳаҷми 116 ҳазор тоннаро талаб кард», – гуфт Ш.Саидов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.