Чанде қабл дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент дар синни 63-солагӣ Абдуҷаббор Ғаффоров, бародари номзад ба мансаби перзиденти Тоҷикистон аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров аз олам даргузашт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони марҳум хабар доданд, Абдуҷаббор Ғаффоров тамоми умр бо деҳқонӣ шуғл варзида, рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар оромгоҳи деҳа ба хок супурда шудааст.
Номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров дар ҷанозаи бародараш ва маросими ба хок супардани ӯ иштирок карда, субҳи имрӯз аз Панҷакент ба Душанбе омадааст.



