«Рӯзи хомӯшӣ»-и пеш аз интихобот дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон як «Рӯзи хомӯшӣ»-и пеш аз маъракаи интихоботи президенти мамлакат фаро расид. Тибқи қонун, расо як шабонарӯз қабл аз оғози овоздиҳӣ баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ва вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон манъ мешавад. Васоити ахбори умум низ ба паҳн кардани маводи таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ҳуқуқ надоранд, аммо қонунгузории Тоҷикистон паҳн […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар Тоҷикистон як «Рӯзи хомӯшӣ»-и пеш аз маъракаи интихоботи президенти мамлакат фаро расид. Тибқи қонун, расо як шабонарӯз қабл аз оғози овоздиҳӣ баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ва вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон манъ мешавад. Васоити ахбори умум низ ба паҳн кардани маводи таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ҳуқуқ надоранд, аммо қонунгузории Тоҷикистон паҳн шудани маводи таблиғотии даъват ба овоздиҳӣ ва маводи шарҳу тавзеҳи тартиб ва макони овоздиҳиро манъ намекунад.

Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ширкат меварзанд, ки инҳо аъзои аҳзоби сиёсии ба мансаби президентӣ номзад пешниҳодкарда, намояндагони Иттифоқи ҷавонон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар буда, нозирони маҳаллӣ дар ҳамаи 68 ҳавзаҳои интихоботии ташкилшуда ба қайд гирифта шудаанд.

Ғайр аз ин, ба иттилои роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зиёда аз 370 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллиро низ сабти ном намудаанд, ки мониторинги ҷараёни овоздиҳиро анҷом медиҳанд.

Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварда, дар маҷмӯъ 501 нафар нозир ва 80 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, ки натоиҷи нахусти интихоботи президентии санаи 6-уми июнро соати 10-и субҳи рӯзи 7-уми ноябр эълон кунад.

Ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.