Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз вакилони Парлумони Аврупоро таҳти сарварии вакил аз Олмон Элизабет Йегле ба ҳузур пазируфт, ки ҷиҳати мониторинги интихоботи президентии Тоҷикистон дар Душанбе қарор доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ Зуҳуров таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша кӯшиши самимӣ ва дастгирии воқеии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо нисбати Тоҷикистон дар ҳама самтҳоро эҳсос намуда, барои кумакҳо дар масоили рушди демократия, волоияти қонун, беҳбуди идоракунии марзҳо, мубориза бо маводи мухаддир, рушди нақлиёту энергетика, ҳифзи муҳити зист ва аз мина поксозии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ кард.
«Шукурҷон Зуҳуров ба меҳмонон мухтасар маълумот дод, ки маъракаи пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ сурат гирифт», – гуфт М.Султонов.
Ба қавли номбурда, дар навбати худ вакилони Паррлумони Аврупо манфиатдорӣ ба рушди муносибатҳо бо парлумони Тоҷикистон дар бахшҳои рушди демократия дар ҷомеа, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро изҳор кардаанд.



