Зуҳуров вакилони Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз вакилони Парлумони Аврупоро таҳти сарварии вакил аз Олмон Элизабет Йегле ба ҳузур пазируфт, ки ҷиҳати мониторинги интихоботи президентии Тоҷикистон дар Душанбе қарор доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ Зуҳуров таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша кӯшиши самимӣ ва дастгирии […]

Аваз Юлдошев


Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз вакилони Парлумони Аврупоро таҳти сарварии вакил аз Олмон Элизабет Йегле ба ҳузур пазируфт, ки ҷиҳати мониторинги интихоботи президентии Тоҷикистон дар Душанбе қарор доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ Зуҳуров таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша кӯшиши самимӣ ва дастгирии воқеии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо нисбати Тоҷикистон дар ҳама самтҳоро эҳсос намуда, барои кумакҳо дар масоили рушди демократия, волоияти қонун, беҳбуди идоракунии марзҳо, мубориза бо маводи мухаддир, рушди нақлиёту энергетика, ҳифзи муҳити зист ва аз мина поксозии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ кард.

«Шукурҷон Зуҳуров ба меҳмонон мухтасар маълумот дод, ки маъракаи пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ сурат гирифт», – гуфт М.Султонов.

Ба қавли номбурда, дар навбати худ вакилони Паррлумони Аврупо манфиатдорӣ ба рушди муносибатҳо бо парлумони Тоҷикистон дар бахшҳои рушди демократия дар ҷомеа, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро изҳор кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.