Фарогирии мавҷи телевизиони «Пойтахт» тавсеъа меёбад

То охири соли ҷорӣ шабакаи телевизионии «Пойтахт» фиристандаи мавҷ (передатчик)-и худро ба наваш иваз мекунад. Директори шабакаи телевизионӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки то ҳанӯз онҳо аз «Телерадиоком» фиристандаи мавҷро ба иҷора гирифта буданд ва дар арафаи иинтихобот фиристандаи нави фармоишӣ аз хориҷи кишвар дастрас шудааст, ки иқтидори он […]

ASIA-Plus


То охири соли ҷорӣ шабакаи телевизионии «Пойтахт» фиристандаи мавҷ (передатчик)-и худро ба наваш иваз мекунад.

Директори шабакаи телевизионӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки то ҳанӯз онҳо аз «Телерадиоком» фиристандаи мавҷро ба иҷора гирифта буданд ва дар арафаи иинтихобот фиристандаи нави фармоишӣ аз хориҷи кишвар дастрас шудааст, ки иқтидори он аз фиристандаи мавҷуда 6-7 маротиба зиёдтар мебошад.

«Таҷҳизот аз корхонаи НПП «Квант-Эфир»-и Украина дастрас шуда, хароҷоти он бо шумули ҳамлу нақл ва расмиёти гумрук 70 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Айни замон тамоми шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар дар заминаи фиристандаҳои маҳз ҳамин корхона фаъолият доранд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, иқтидори фиристандаи нав ба 3,5 кВт ва фиристандаи мавҷуда ба 1 кВт баробар буда, бо назардошти кӯҳнаву фарсудагии он, иқтидори фиристандаи ҳозира ҳамагӣ 500-700 ваттро ташкил медиҳад.

Директори шабака изҳори итминон кард, ки баъди насби фиристандаи нав сифати тасвир бамаротиб беҳтар гардида, акнун дигар шаҳру навоҳии наздики пойтахт низ ба тамошои барномаҳои шабака дастрасӣ пайдо мекунанд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ҳангоми пурра ба пахши рақамии барномаҳои телевизионӣ гузаштани Тоҷикистон, фиристандаи нав иваз намешавад, зеро он гибридӣ буда, ҳам барои пахши кунунӣ ва ҳам зимни гузаштан ба пахши рақамӣ коршоям хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.