Истихроҷи ангишт нисбат ба соли гузашта 60 ҳазор тонна афзуд

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 432,3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки ин аз нақша 218 ҳазор тонна ё 201,8 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 60,8 ҳазор тонна зиёд буда, суръати афзоиш 116,4 фоиз таъмин гардид. Бино ба маълумоти шуъбаи котиботи Вазорати энергетика […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 432,3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки ин аз нақша 218 ҳазор тонна ё 201,8 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 60,8 ҳазор тонна зиёд буда, суръати афзоиш 116,4 фоиз таъмин гардид.

Бино ба маълумоти шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, аз ангишти истихроҷгардида ба миқдори 378 ҳаз. тоннааш ба фурӯш бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 7,5 ҳазор тонна кам мебошад.

Ба иттилои манбаъ, айни замон зиёда аз 162 корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин, чандин корхонаҳое мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Бояд қайд намуд, ки корхонаҳои азими саноатию энергетикӣ аз 10 июли соли ҷорӣ кашонидани ангиштро оғоз намуданд. Аз ҷумла, дар ин давра КВД «Талко» ҳудуди 72 ҳазор тонна, ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» – беш аз 32 ҳазор тонна,  Маркази барқу гармидиҳии ш. Душанбе – ҳудуди 30 ҳазор тонна ва ҶСК «Тоҷиксемент» – беш аз 10 ҳазор тонна ангишт дастрас карданд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон 162 корхона дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи ангишт машғуланд. Феълан ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар конҳои ангишти Тоҷикистон тақрибан 4 млрд. 500 млн. тонна арзёбӣ мешаванд.

Аҳолии кишвар низ яке аз истеъмолгарони бузурги ангишт мебошад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон сокинони деҳот барои гарм нигоҳ доштани манзил ва тайёр кардани ғизо бештар аз ангишт истифода мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.