БАТР ва як ширкати Нидерланд саҳҳомони «ИМОН Интернешнл» мешаванд

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар таърихи худ бори нахуст ба ташкилоти хурди қарздиҳӣ сармоягузории саҳҳомӣ анҷом медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии бонк дар Душанбе хабар доданд, БАТР ва Ширкат оид ба маблағгузории рушди Нидерланд дар ҳамдастӣ ба маблағи 6,5 млн. $ ҳар кадоме 12,5%-и саҳмияҳои ташкилоти муваффақи хурди қарздиҳии Тоҷикистон – «ИМОН […]

ASIA-Plus


Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар таърихи худ бори нахуст ба ташкилоти хурди қарздиҳӣ сармоягузории саҳҳомӣ анҷом медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии бонк дар Душанбе хабар доданд, БАТР ва Ширкат оид ба маблағгузории рушди Нидерланд дар ҳамдастӣ ба маблағи 6,5 млн. $ ҳар кадоме 12,5%-и саҳмияҳои ташкилоти муваффақи хурди қарздиҳии Тоҷикистон – «ИМОН Интернешнл»-ро дасрас мекунанд. «Ин муомилот ба табдили «ИМОН» ба бонк кумак мекунад», – таъкид доштанд дар намояндагии бонк.

Роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Душанбе Улф Хиндстрем дар ин робита изҳор намудааст, ки «ИМОН» аллакай оид ба ҷалби пасандозҳо иҷозатнома гирифт, то ки ба бонки хурди молиявии махсус табдил ёбад ва ба мизоҷон хизматгузориҳои нави бонкӣ пешниҳод созад».

Ташкилоти хурди қарздиҳии «ИМОН ИНтернешнл» ташкилоти хурди молиявии бузургтарини Тоҷикистон аст, ки ба қариб 60 ҳазор мизоҷон ххизматгузорӣ мекунад. Ташкилот дорои шабакаи густардаи иборат аз 102 адад филиал ва марказҳои хизматгузорӣ мебошад.

Маросими имзои қарордод санаи 28-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар маросими мазкур иштироки саҳҳомони «ИМОН ИНтернешнл» (аз ҷумла саҳҳоми кунунӣ – фирмаи сармоягузориву машваратии голландии Triple Jump), кормандони ҳукумат, Бонки миллӣ, созмонҳои молиявӣ, сафоратхонаҳо, ҷамъиятҳои мададрасонон дар назар аст. БАТР-ро дар маросим сардори шуъбаи ташкилотҳои молиявии гурӯҳи тиҷоратии Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Муғулистон Майк Тейлор, роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Душанбе Улф Хиндстрем ва роҳбари лоиҳа, коршиноси варзидаи БАТР Фирӯза Исҳоқова намояндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи директори генералии «ИМОН ИНтернешнл» Санавбар Шарифова, таърихи ҳамкории БАТР ва «ИМОН» аз соли 2005, ҳангоми аз ҷониби ташкилот дастрас гардидани нахустин қарзи тиҷоратӣ аз бонки мазкур оғоз гардидааст. «Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки БАТР саҳҳоми ташкилоти мо мешавад ва умедворем, ки таҷрибаи БАТР ба пешрафи кишвари мо ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нафъи зиёд хоҳад овард», – гуфтааст Санавбар Шарифова.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.