Имзои созишномаҳо ба маблағи 1 млн. $ дар форуми сармоягузории Исфара

Дар шаҳри Исфара бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, ташкилотҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, ҳамчунин доираи васеи бахши хусусӣ Форуми инвеститсионӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабинии мазкур бо баробари шиносоӣ бо дастовардҳои марҳилаи аввали татбиқи  Барнома, […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Исфара бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, ташкилотҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, ҳамчунин доираи васеи бахши хусусӣ Форуми инвеститсионӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабинии мазкур бо баробари шиносоӣ бо дастовардҳои марҳилаи аввали татбиқи  Барнома, аз ҷумла сафарбарсозии захираву сарчашмаҳои дохилӣ барои татбиқи лоиҳаҳо, раванди шарики давлат бо бахши хусусӣ, афзалиятҳои маблағгузорӣ ба шаҳру деҳоти Исфара ва лоиҳаҳои алоҳида муаррифӣ шуданд.

Қобили тазаккур аст, ки ба «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013 – 2017» 338 лоиҳа ба маблағи 1,5 миллард сомонӣ ворид гардидааст, ки аз  ин теъдод 38 лоиҳа ба бахши иқтисодӣ, 152 лоиҳа ба бахши иҷтимоӣ, 106 лоиҳа ба бахши инфрасохтор ва 34 лоиҳа ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда марбут мебошад.

Дар форуми инвеститсионии шаҳри Исфара панҷ санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 5 миллион сомонӣ (1 млн. $), байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва соҳибкорони маҳаллӣ ба имзо расиданд.

Аз ҷумла оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли пойафзол ба маблағи сармоягузории 1,5 миллион сомонӣ бо ташкили 100 ҷойи нави корӣ, вобаста ба бунёди корхонаи коркарди шир ва коргоҳи қаннодӣ ба маблағи 1 миллион сомонӣ бо фароҳам овардани 40 ҷойи нави корӣ, оид ба бунёди Маркази замонавии сайёҳӣ – иборат аз меҳмонхона, толори конфронс ва коргоҳи дӯзандагӣ ба маблағи умумии 1 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 100 ҷойи нави корӣ, оид ба бунёд намудани корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк ба маблағи 970 ҳазор сомонӣ бо ташкили 50 ҷойи нави корӣ ва оид ба сохтмони боғчаи бачагонаи замонавӣ барои 100 кӯдак ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ ба имзо расиданд.

Ҳамзамон бо намояндагони шарикони рушд оид ба дастгирии лоиҳаҳои алоҳидаи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013 – 2017» мувофиқаҳои пешакӣ ҳосил гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.