«Азия-Плюс» газетаи сол эълон шуд

Тибқи натоиҷи назарсанҷии Маркази таҳқиқоти иҷтимоӣ (МТИ)-и «Зеркало» миёни аҳолӣ ва коршиносон, ҳафтавори иҷтимоиву сиёсии «Азия-Плюс» нашрияи писандидатарини соли 2013  ва Олга Тутубалина хабарнигори беҳтарин сол дониста шуданд. Коршиносони пурсидашуда аз зумраи сардабирони васоити хабори умуми муваффақ, таҳлилгарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ нашрияи «Азия-Плюс»-ро ҳафтавори беҳтарини сол интихоб намуданд. Имрӯз зимни муаррифии натиҷаҳои назарсанҷӣ дар […]

ASIA-Plus


Тибқи натоиҷи назарсанҷии Маркази таҳқиқоти иҷтимоӣ (МТИ)-и «Зеркало» миёни аҳолӣ ва коршиносон, ҳафтавори иҷтимоиву сиёсии «Азия-Плюс» нашрияи писандидатарини соли 2013  ва Олга Тутубалина хабарнигори беҳтарин сол дониста шуданд.

Коршиносони пурсидашуда аз зумраи сардабирони васоити хабори умуми муваффақ, таҳлилгарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ нашрияи «Азия-Плюс»-ро ҳафтавори беҳтарини сол интихоб намуданд.

Имрӯз зимни муаррифии натиҷаҳои назарсанҷӣ дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон намояндагони МТИ «Зеркало» изҳор намуданд, ки тибқи натиҷаҳои назарсанҷӣ миёни хонандагону шунавандагон, хабаргузории «Озодагон» – бозёфти сол, радиои «Ватан» – беҳтарин шабакаи радио, нашрияи «Оила» – ҳафтавори дӯстдоштатарин ва «Рекламная газета» – нашрияи муфидтарин эътироф гардиданд.

Роҳбари МТИ «Зеркало» Қаҳрамон Бақозода ва раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба ғолибон диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Зимни тақдими ҷоизаҳо роҳбари МТИ «Зеркало» зикр кард, ки «ҳадафи аслии баргузории назарсанҷӣ саҳм гирифтан ба роҳандозии ҳадди ақал як падидаи мусбатест, зеро ВАО дар ҷомеаи мо нақши муҳим доранд».

Қобили зикр аст, ки назарсанҷӣ миёни паҳнкунандагони нашрияҳо, хонандагон, шунавандагони радио ва коршиносон – 30 нафар сардабирони ВАО-и муваффақи кишвар гузаронида шуд. Андешаи 580 нафар тариқи телефон дастрас карда шуд.

Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало» муддати 10 сол фаъолият дошта, дар ин давра ҳудуди 100 лоиҳаи гуногунмиқёсро бо истифода аз методҳои гуногуни таҳқиқот анҷом додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.