Ҳалокати 5 нафар тоҷикистониён дар сӯхтори вилояти Маскав

Бар асари сӯхтор, ки шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар кӯчаи Разини шаҳраки Железнодорожнийи вилояти Маскав сар зад, панҷ нафар, аз ҷумла тифли 8-моҳа ва кӯдаки 4-сола ба ҳалокат расиданд. Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳалокшудагон зодагони ноҳияи Панҷи кишвари мо – бародарон Илҳомҷон ва Ҷамшед […]

ASIA-Plus


Бар асари сӯхтор, ки шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар кӯчаи Разини шаҳраки Железнодорожнийи вилояти Маскав сар зад, панҷ нафар, аз ҷумла тифли 8-моҳа ва кӯдаки 4-сола ба ҳалокат расиданд.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳалокшудагон зодагони ноҳияи Панҷи кишвари мо – бародарон Илҳомҷон ва Ҷамшед Умарови 29-сола ва 27-сола ва шаҳрванди ҶТ Иззатбӣ Ҳакимова бо кӯдаконаш мебошанд.

Ба қавли Эгамзод, сӯхтор бинобар сабаби расиши ноқилҳои нерӯи барқ ва ҳамчуни таркиши баллони газ ба амал омадааст. «Тафтиш оғоз гардида, молики манзили отшагирифта, ки ба ҳалокшудагон онро ба иҷора додааст, муайян карда шуд. Кормандони хадамоти оташнишонӣ пайи таҳқиқи тамоми ҳолатҳои сар задани сӯхторанд», – гуфт ӯ.

Эгамзод мегӯяд, корманди ба маҳалли сӯхтор сафарбаршудаи хадамоти консулгарии сафорат ҳамдиёрони ҳалокшудагонро пайдо намуда, онҳо тасдиқ крадаанд, ки фавтидагони дарвоқеъ ҳам дар ҳамин манзил иқомат доштаанд. «Ҳамчунин маълум шуд, ки дар ду ҳуҷраи дигари хона боз як шаҳрванди Тоҷикистон ва як оила аз Ӯзбекистон зиндагӣ мекрдаанд. Онҳо тариқи тиреза худро ба берун гирифта, аз ҳалокшавӣ наҷот ёфтаанд», – афзуд номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз маросими муайян кардани шахсияти фавтидагон баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.