Раиси ширкати «Барқи тоҷик» донишҷӯёни тоҷики факултаи энергетикаи макотиби олии Украинаро ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев даҳ нафар донишҷӯёни тоҷики факултаи энергетикаи Донишкадаи политехники шаҳри Харков ва Донишгоҳи миллии Украинаро ба ҳузур пазируфт. Сухангӯи ширкат Нозир Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки раиси ширкат ба донишҷӯён хониши аълову комёбиҳо орзу намуда, таъкид […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев даҳ нафар донишҷӯёни тоҷики факултаи энергетикаи Донишкадаи политехники шаҳри Харков ва Донишгоҳи миллии Украинаро ба ҳузур пазируфт.




Сухангӯи ширкат Нозир Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки раиси ширкат ба донишҷӯён хониши аълову комёбиҳо орзу намуда, таъкид сохтааст, ки «ояндаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба шумо вобаста аст».



Зикр гардид, ки ин гурӯҳи дуввум аст, ки ширкат барои таҳсил ба макотиби олии Украина равона месозад. Айни замон дар ин кишвар 11 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон дар курси дуввум мехонанд. Ба иттилои манбаъ, тамоми хароҷоти таҳсил ва арзиши роҳкиро барои як бор дар як сол аз ҷониби ширкат пардохта мешавад.



«Дар Донишкадаи политехникии Харков таҳсил намудани донишҷӯёни тоҷик бесабаб нест, зеро маҳз дар корхонаҳои ин шаҳр бо фармоиши ширкат чархаҳои кории нерӯгоҳи «Норак» тайёр карда мешаванд», – гуфт Н.Ёдгорӣ ва афзуд, ки ширкат таҳсили 490 нафар донишҷӯёнро дар дохил ва хориҷи кишвар бо маблағ таъмин мекунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.