Қазоқистон аз 1-уми сентябр манъи содироти зироати ғалладонаро бекор мекунад

Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Қазоқистон аз 1-уми сентябр манъи содироти зироати ғалладонаро бекор мекунад. Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон аз ин кишвар беш аз 90 фоиз зироати ғалладона ворид мегардад. Дар ин бора бо истинод ба сарвазири Қазоқистон Карим Масимов хабаргузории «Казахстан. Сегодня» иттилоъ медиҳад. Дар машварати бахшида ба масоили танзими бозори […]


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Қазоқистон аз 1-уми сентябр манъи содироти зироати ғалладонаро бекор мекунад. Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон аз ин кишвар беш аз 90 фоиз зироати ғалладона ворид мегардад. Дар ин бора бо истинод ба сарвазири Қазоқистон Карим Масимов хабаргузории «Казахстан. Сегодня» иттилоъ медиҳад. Дар машварати бахшида ба масоили танзими бозори зироати ғалладона ва таъмини амнияти ғизоӣ К.Масимов изҳор доштааст, ки «агар мо талаботи дохилии кишвари худро бо ғалла таъмин карда тавонем, минбаъд манъи содироти онро ҷорӣ нахоҳем сохт».




Сарвазири кишвари ҳамсоя ҳамчунин таъкид сохт, ки арзиши зироати ғалладона бояд таҳти назорат бошад ва ба баландшавии нархҳо набояд роҳ дод.



Қобили ёдоварист, ки в


азири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон зироати ғалладона ба миқдори кофӣ захира шудааст ва ҷумҳурӣ минбаъд бо мушкилоти таъмини орд мувоҷеҳ нахоҳад гашт.




 

«Ҳарчанд дар шимоли кишвар ба иллати камобиву хушкии имсола ҳосили дилхоҳ ба даст наомада бошад ҳам, дар манотиқи дигари кишвар ҳосили зироати ғалладона хуб аст», – гуфт ӯ ва афзуд ки истеҳсоли зироати ғалладона дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.





Вазир гуфт, ҳукумати кишвар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз норасоии орд дар бозори дохилӣ ва афзоиши захоири давлатии зироати ғалладона маблағгузориро аз воситаҳои буҷавӣ зиёд кард.





Ба гуфтаи вазир, вазорат ба парлумони кишвар лоиҳаи қонунеро ирсол кардааст, ки дар он аз 20 то 10 дарсад коҳиш додани андоз аз арзиши изофа барои воридоти зироати ғалладона ба кишвар пешниҳод шудааст.





«Кам кардани андоз аз арзиши изофа яке аз омилҳоест, ки ба коҳиши нарх дар бозори дохилӣ мусоидат менамояд», – гуфт Ғ.Бобозода ва афзуд, ки айни замон нархи чунин маҳсулот мӯътадил нигоҳ дошта мешавад.






 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.