Дар арафаи нишасти СҲШ чорабиниҳои таъмини амният дар Душанбе пурзӯр карда мешаванд

Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз имрӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба низоми пурзӯри фаъолияти хидматӣ гузаронида шуданд. Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки чорабиниҳои иловагии таъмини амният асосан дар шаҳри Душанбе амлӣ гардида, шумораи кормандони мақомоти ҳифзи […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз имрӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба низоми пурзӯри фаъолияти хидматӣ гузаронида шуданд.




Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки чорабиниҳои иловагии таъмини амният асосан дар шаҳри Душанбе амлӣ гардида, шумораи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба маротиб зиёд карда мешавад.



«Дар рӯзҳои баргузории нишаст ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои асосии маркази пойтахт манъ гардида, дар ин бора тавассути васоити ахбори умум ронандагон огоҳ карда мешаванд», – таъкид сохт сарчашма. Бино ба иттилои манбаъ, то 10-уми сентябр рухсатиҳои меҳнатии кормандони мақомот мавқуф гузошта шудааст.



«Интизор меравад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ шумораи меҳмонон аз ҷумлаи ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони ВАО ба беш аз панҷ ҳазор нафар хоҳад расид», – изҳор дошт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 27-28-уми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ доир мегардад. Дар нишаст ба ҷуз сарони кишварҳои «шашгонаи Шанхай» (Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон) ҳамчунин сарони кишварҳои нозири созмон – Эрон, Покистон, Муғулистон, Ҳиндустон ва меҳмонони даъватшуда – президентони Туркманистону Афғонистон низ ширкат хоҳанд варзид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.