Дар Душанбе Ҳамоиши равшанфикрони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 18-ум то 20-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши саввуми равшанфикрони соҳаи илм ва эҷоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш масоили идомаи муоширати ҷомеаи кишварҳо дар бобати мавзӯъҳои муҳим ва зарурии соҳаи гумнитарии […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 18-ум то 20-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши саввуми равшанфикрони соҳаи илм ва эҷоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад.




Аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш масоили идомаи муоширати ҷомеаи кишварҳо дар бобати мавзӯъҳои муҳим ва зарурии соҳаи гумнитарии иттиҳод табодули афкор сурат хоҳад гирифт.



«Бо назардошти он ки соли 2008 дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ соли адабиёту хониш эълон гардидааст, дар мубоҳисаҳо рӯйи мавзӯъҳои идома ва эҳёи анъанаҳои хониш дар шароити кунунӣ, дастгирии адабиёти миллӣ ва тарҷумаи тарафайн, таъмини китоҳо, кордории китобхона ва нашри адабиёти гуногун муҳокимаронӣ хоҳад шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Бино ба иттилои сарчашма, иштирокдорони ҳамоиш сари баррасии масъалаи рушди муошират дар қаламрави ИДМ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳанд намуд. Дар чорабинӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ИДМ, Ҳамкории иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкории Шанхай, дабири кулли ЮНЕСКО К.Матсуура ва дигар сохтори марбут ба масоили

 

ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунанд.



Ёдрас мекунем, ки Ҳамоиши дуввуми равшанфикрони соҳаи илм ва эҷоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли гузашта дар шаҳри Остона (Қазоқистон) баргузор гардида буд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.