Дар Душанбе аз фориғболии ронанда ду нафар ба ҳалокат расиданд

Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе аз фориғболии ронанда роҳгузари 27-сола ва мусофири таксии мусофирбар ба ҳалокат расиданд. Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки соати 8-и бегоҳ ронандаи автомашинаи «Тойота Авалон» Бобо Азимов дар кӯчаи Синои пойтахт роҳгузар Ибод Элҷоновро бо мошин пахш […]


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе аз фориғболии ронанда роҳгузари 27-сола ва мусофири таксии мусофирбар ба ҳалокат расиданд. Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки соати 8-и бегоҳ ронандаи автомашинаи «Тойота Авалон» Бобо Азимов дар кӯчаи Синои пойтахт роҳгузар Ибод Элҷоновро бо мошин пахш мекунад. Чанде пас автомашинаи ӯ бо автомашинаи «Чанху» (тангем) бархӯрд мекунад. Роҳгузар ва мусофири дар дохили нақлиёти мусофирбар буда ба ҳалокат расида, панҷ нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.




Ҳамчунин дар ноҳияи Турсунзода ҳангоми ҳаракат ба самти қишлоқи Оқмасҷид автомашинаи «Опел»-и шаҳрванд Дилшод Азимов бо автомашинаи «Тико»-и шаҳрванд Аҳлиддин Назаров бархӯрд намуд, ки бар асари он ронандаи автомашинаи «Тико» ҳалок гардида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.



Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 5 нафар ҳалок ва 22 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.