Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон. Оғоз соати 10:00; – Дар мусобиқоти футболи Ҷоми Иттиҳод – 2013 дар Санкт-Петербург дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон бо тими мунтахаби Эстония қувваозмоӣ мекунад; – Нишастҳои хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ (маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ соати 15:00) ва […]

ASIA-Plus



Анонс

– Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон. Оғоз соати 10:00;

– Дар мусобиқоти футболи Ҷоми Иттиҳод – 2013 дар Санкт-Петербург дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон бо тими мунтахаби Эстония қувваозмоӣ мекунад;

– Нишастҳои хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ (маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ соати 15:00) ва Вазорати кишоварзии ҶТ (соати 10:00).



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7752

сомонӣ;


1

евро

– 6.4730

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


26



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1848

— Дар Калифорния (ИМА) порчаи худрӯи тиллои холис дарёфт гардида, соли минбаъд тамоми Амрикоро «изтироби тиллоӣ» фаро гирифт.


1976

— Фалокати бузургтарини асри XXI – садамаи танкери бузурги Olympic Bravery бо ғунҷоиши оби 250 ҳазор тонна.


2002

— Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Э.Раҳмонов бо роҳбари ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомид Карзай дар Душанбе Баёнияи муштарак дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), баъзан туман мефарояд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -2+3.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -2+3;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -4-9.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот , рӯзона каме борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот , рӯзона каме борон меборад, туман.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона


бидуни боришот, рӯзона боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +2+4.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон