Дар ДДОТ идрорпулиҳо бо номи М.Шакурӣ ва М.Нӯъмонов таъсис ёфт

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни идрорпулиҳои нави номӣ таъсис дода шудааст. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ДДОТ иттилоъ доданд, ғайр аз идрорпулиҳои амалкунандаи президентӣ ва раиси шаҳри Душанбе дар донишгоҳ шурӯъ аз соли нав се идрорпулии нави номӣ: ба номи академик Муххамадҷон Шакурӣ, профессор Мансур Нӯъмонов Шӯрои олимони донишгоҳ таъсис дода шуданд. […]

Суман Шаҳзода



Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни идрорпулиҳои нави номӣ таъсис дода шудааст.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ДДОТ иттилоъ доданд, ғайр аз идрорпулиҳои амалкунандаи президентӣ ва раиси шаҳри Душанбе дар донишгоҳ шурӯъ аз соли нав се идрорпулии нави номӣ: ба номи академик Муххамадҷон Шакурӣ, профессор Мансур Нӯъмонов Шӯрои олимони донишгоҳ таъсис дода шуданд.

«Тасмими таъсиси идрорпулӣ бо номи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ҷониби пайвандони марҳум ба хотири пос доштани хотираи академик гирифта шудааст, ки он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар, инчунин аз ҷониби раёсати донишгоҳ комилан дастгирӣ ёфт. Маблағи онро наздикони Муҳаммадҷон Шакурӣ аз фоизи маблағҳои дар бонкдоштаи худ пардохт мекунанд. Идрорпулии мазкур ба 2 нафар донишҷӯи фаъоли факултаи филологӣ дода мешавад Айни замон раванди муқаррарсозии маблағ дар пайи коркард қарор дорад» – илова кард манбаъ.

Қайд гардид, ки идрорпулии Шӯрои олимони донишгоҳ  ба ду нафар донишҷӯи фаъол новосбаста аз факулта дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҳар моҳ пардохт карда мешавад. Идрорпулии профессор Мансур Нӯъмонов аз ҳисоби маблағҳои худи ӯ ҳар моҳ дар ҳаҷми 100 сомонӣ ба 2 донишҷӯи фаъоли факултаи математика дода мешавад.

«Айни замон 60% донишҷӯёни ДДОТ идрорпулии президентӣ гирифта, шумораи гирандагони идрорпулии раиси шаҳр вобаста ба мувафаққияти донишҷӯён тағйирёбанда аст. Шумораи гирандагони идрорпулиҳои номӣ ба 6 нафар мерасад», – илова кард манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.