Сокини ҳашмиллионаи Тоҷикистон яксола шуд

Сокини ҳаштмиллионаи Тоҷикистон Сумайя Раҳмонова, ки 5-уми феврали соли 2013 дар таваллудхонаи №3-и пойтахт ба дунё омад, имрӯз зодрӯз дорад. Зодрӯзи нахусташро Сумайя дар манзили дуҳуҷрагӣ, ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе дарҳол баъди таваллуди тифл ба ин оила туҳфа шуда буд, пешвоз мегирад. Сарфи назар аз сардиҳои шадид, манзил гарму шароиташ хуб аст. Қобили […]

ASIA-Plus



Сокини ҳаштмиллионаи Тоҷикистон Сумайя Раҳмонова, ки 5-уми феврали соли 2013 дар таваллудхонаи №3-и пойтахт ба дунё омад, имрӯз зодрӯз дорад.

Зодрӯзи нахусташро Сумайя дар манзили дуҳуҷрагӣ, ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе дарҳол баъди таваллуди тифл ба ин оила туҳфа шуда буд, пешвоз мегирад. Сарфи назар аз сардиҳои шадид, манзил гарму шароиташ хуб аст.

Қобили зикр аст, ки дар маросими супурдани калиди манзил ва шаҳодатномаи таваллуд мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ин оила барои кумаки ройгони тиббӣ, таъмини таҳсили кӯдак дар мактаби таҳсилоти умумӣ ва минбаъд дар муассисаи таҳсилоти касбӣ кафолат дода буд.

Майсара Шарифова, модари Сумайя дар ин робита зикр кард, ки дар бораи таҳсил ҳарф гуфтан ҳанӯз барвақт аст, вале давоми сол ба Сумай кӯмаки ройгони тиббӣ пешниҳод нашудааст. «Тамоми эмгузарониҳои зарурӣ, муоина ва кӯмаки тиббиро мо худамон анҷом додем. Алҳои кӯмаки тиббии ройгони ваъдашударо мо надидаем», – мегӯяд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Сумайя Раҳмонова соати 7-и субҳи рӯзи 5-уми феврали соли 2013 ба дунё омад. Вазнаш – 2 килову 740 грамм ва қадаш – 48 сантиметрро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.