Барои риоя нагардидани Қонуни забон 64 нафар ҷарима шуданд

Барои риоя нагардидани муқарророти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” соли сипаришуда 64 нафар тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардидаанд. Дар ин бора Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳототи назди Ҳукуматии ҶТ зимни нишасти хабарие, ки имрӯз баргузор гардид, иттилоъ дод. Ӯ қайд кард, ки дар умум мутобиқи маълумоти Шӯрои адлияи […]

Мавзуна Абдуллоева



Барои риоя нагардидани муқарророти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” соли сипаришуда 64 нафар тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардидаанд.

Дар ин бора Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳототи назди Ҳукуматии ҶТ зимни нишасти хабарие, ки имрӯз баргузор гардид, иттилоъ дод. Ӯ қайд кард, ки дар умум мутобиқи маълумоти Шӯрои адлияи кишвар 69 адад парванда барои риоя нагардидани муқарророти Қонуни ҶТ“Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” бо моддаи 89 кодекси зикргардида мавриди барасӣ қарор гирифт, ки нисбати 5 нафар огоҳӣ дода шуда, ба 64 нафар ҷарима баста шуд. Маблағи ҷаримаҳо дар умум то имрӯз 37 ҳазору 600 сомониро ташкил кард. Гавҳар Шарофова афзуд, ки гурӯҳи корӣ дар иртибот ба лавҳаю овезаҳо ва номгузории муасисаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ 12 санади огоҳӣ тартиб дод, ки мутобиқи он, барои бартараф намудани хатоҳо муҳлат муқарар гардидааст.

«Айни замон дар асоси тавсияҳои гурӯҳи корӣ намогузории кошонаи ҳусни “Малина” ба “Малика” ва қавҳахонаи «CHIEF BURGER PIZZA» ба “Бургер ва питзо” изав карда шуда, навиштаҷоти номи тарабхонаи “JAMOL” ба “Ҷамол” баргардонида шуд. Ғизономаи тарабхонаи “Ҷамол”  ва қавҳахонаи “Питсерия” ба забони давлатӣ тарҷума ва пешниҳод гардид», – иттилоъ дод Шарофова.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.