Даъвати Шукурҷон Зуҳуров ба конфронс дар Теҳрон

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо кордори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саидмаҳамуди Садрӣ мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, Шукурҷон Зуҳуров дипломатии Эрониро хайрамақдам гуфта, фарорасии 36-умин солгарди рӯзи истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ҳамасола рӯзи 11 феврал ҷашн гирифта мешавад […]

ASIA-Plus



Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо кордори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саидмаҳамуди Садрӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, Шукурҷон Зуҳуров дипломатии Эрониро хайрамақдам гуфта, фарорасии 36-умин солгарди рӯзи истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ҳамасола рӯзи 11 феврал ҷашн гирифта мешавад ба онҳо муборакбодӣ намуда, ба миллати дӯст ва бародари Эрон пешрафту шукуфоӣ, ривоҷу равнақ, муваффақият ва касби дастовардҳои бештареро таманно намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Теҳрон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки Тоҷикистон хостори тақвияти муносибот дар ҳамаи заминаҳо аст.

«Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тараққиёту пешрафтҳое, ки дар тӯли 36 соли пирӯзии инқилоби исломӣ дар кишвар ба даст овард, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки кишварҳои исломӣ низ метавонанд дар радифи дигар мамлакатҳои тараққикардаи ғарбӣ ҳамчун кишвари пешрафта арзи ҳастӣ кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари ҳамзабон будан, ҳамчунин дорои муштаракоти таърихӣ, фарҳанӣ ва динӣ мебошанд ва ин муштаракот барои рушду густариши муносиботи кишварҳоямон заминаи мусоид фароҳам овардааст», – иброз дошт Ш.Зуҳуров.

Кордори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саидмаҳамуди Садрӣ аз номи Раиси парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алӣ Лоринҷонӣ даъватномаро ҷиҳати иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар кори иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди Парламентии Давлатҳои –аъзои Созмони Конфронси Исломӣ супурд, ки рӯзҳои 18-19 феврали соли 2014 дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад.

Саидмаҳмуди Садрӣ ҳамчунин иброз намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солҳои охир раванди рушду равнақро касб намуда, нисбат ба солҳои гузашта тараққӣ ёфта истодааст.

«Боздиди пайвастаи мақомҳои гуногуни олирутбаи ду кишвар ба ҷумҳуриҳои якдигар яке аз сабабҳои асосии таҳкими ин муносибот ба шумор меравад», -гуфт дар анҷоми мулоқот дипломати эронӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.