Сохтмони зербинои нақлиёт дар Тоҷикистон соли равон ба итмом мерасад

– Анҷоми сохтмони зербино (инфраструктура)-и нақлиёт дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 340 млн. доллари ИМА давоми соли равон дар назар аст, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асозода. Ба гуфти ӯ, дар соҳаи нақлиёти кишвар дар маҷмуъ имрӯз ба маблағи умумии 570 млн. доллари ИМА лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди амал қарор дошта, соли […]

Пайрав Чоршанбиев



– Анҷоми сохтмони зербино (инфраструктура)-и нақлиёт дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 340 млн. доллари ИМА давоми соли равон дар назар аст, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асозода.

Ба гуфти ӯ, дар соҳаи нақлиёти кишвар дар маҷмуъ имрӯз ба маблағи умумии 570 млн. доллари ИМА лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди амал қарор дошта, соли гузашта дар ҳаҷми 172 млн. доллари ИМА чунин корҳо ба анҷом расидаанд.

«Соли 2013 аз рӯи 18 лоиҳаи сармоягузорӣ (ба маблагӣ умумии 850 млн. $) корҳои сохтмону барқароркунӣ анҷом дода шуданд. Дар нақби «Хатлон» (Чормағзак) ва «Шаҳристон», роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён (марҳилаи дуюм) ва бунёди пул аз болои дарёи Панҷ дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Шоҳони ноҳияи Шӯрообод корҳои сохтмонну барқароркунӣ пурра ба итмом расиданд», – гуфт вазир.

Дар идома Асозода зикр кард, ки соли гузашта дар маҷмуъ мутобиқи талаботи муосири муқаррашуда 18к километр роҳҳои мошингард бо 5 пул ва 9,7 километр нақбҳои автомобилгузар бунёд, азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.