Баррасии анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол» дар мулоқоти Зуҳурову Лориҷонӣ



Дар доираи сафари корӣ ба Эрон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси парлумони Эрон доктор Алӣ Лориҷонӣ мулоқот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов аз Теҳрон хабар дод, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.

«Зуҳуров аз ҳузури Эрон дар амалисозии лоиҳаҳои сершумор дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия, сохтмон ва бахши иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори қноамтмандӣ карда, аз Лориҷонӣ дархост намуд, ки ба анҷоми пурраи сохтмони нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд мусоидат кунад», – зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, раиси парлумони Эрон ба сохторҳои дахлдори кишвараш ҷиҳати дар фурсатҳои кӯтоҳтарин ҳаллу фасл шудани ин масъала супориш додааст. «Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили ҳамкориҳои парлумонҳои ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ низ табодули назар карданд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное