Баррасии анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол» дар мулоқоти Зуҳурову Лориҷонӣ

Дар доираи сафари корӣ ба Эрон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси парлумони Эрон доктор Алӣ Лориҷонӣ мулоқот кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов аз Теҳрон хабар дод, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд. «Зуҳуров […]



Дар доираи сафари корӣ ба Эрон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси парлумони Эрон доктор Алӣ Лориҷонӣ мулоқот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов аз Теҳрон хабар дод, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.

«Зуҳуров аз ҳузури Эрон дар амалисозии лоиҳаҳои сершумор дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия, сохтмон ва бахши иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори қноамтмандӣ карда, аз Лориҷонӣ дархост намуд, ки ба анҷоми пурраи сохтмони нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд мусоидат кунад», – зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, раиси парлумони Эрон ба сохторҳои дахлдори кишвараш ҷиҳати дар фурсатҳои кӯтоҳтарин ҳаллу фасл шудани ин масъала супориш додааст. «Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили ҳамкориҳои парлумонҳои ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ низ табодули назар карданд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.