Дар Суғд сафири ИМА ба намояндагони марказҳои кӯмаки ҳуқуқии лоиҳаи USAID гувоҳнома супурд

Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон бо мақсади супоридани гувоҳнома ва мукофотҳо ба намояндагони марказҳои кӯмаки ҳуқуқии лоиҳаи USAID (Агентии рушди байнулмилалии ИМА) оид ба ислоҳоти истифодаи замин ва рушди бозори замин аз вилояти Суғд боздид намуд. Аз сафорати ИМА дар […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон бо мақсади супоридани гувоҳнома ва мукофотҳо ба намояндагони марказҳои кӯмаки ҳуқуқии лоиҳаи USAID (Агентии рушди байнулмилалии ИМА) оид ба ислоҳоти истифодаи замин ва рушди бозори замин аз вилояти Суғд боздид намуд.




Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки даҳ маркази кӯмаки ҳуқуқӣ ва 62 нафар ташаббускорон ба фермерон ва сокинони деҳот оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо нисбат ба истифодаи замин тавассути баргузории тренингу семинарҳо ва мизҳои мудаввар кӯмак ва машварати ҳуқуқӣ расонидаанд, ки ин ба баланд шудани савияи дониши ҳуқуқии онҳо мусоидат кард.



«Ҳамин тавр, пас аз фаъолияти муваффақонаи сесола дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи мазкур ҷиҳати таҷдиди қонунгузории Тоҷикистон оид ба Кодекси замин ва қонун дар бораи ипотека ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, он моҳи сентябр ба анҷом мерасад, – изҳор дошт сарчашма. – Лоиҳа тавассути барномаи ҳафтаинаи радиову телевизионии «Ҳуқуқҳои шумо оид ба истифодаи замин» ва рӯзномаи ҳармоҳаи «Кимиёи хирад» аҳолиро бо масоили марбут ба қонунгузориҳо дар бораи истифодаи замин ошно месохт».



Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳияи Исфара хонума Ҷейкобсон бо фаъолияти корхонаи коркарди зардолу ва истеҳсоли меваи хушк, ки ба туфайли дастгирии USAID кор мекунанд, аз наздик шинос шуд. Сафир ҳамчунин бо рӯзноманигорони маҳаллӣ ва хатмкунандагони барномаҳои табодули таҷрибаи Амрико мулоқот орост.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.