Путин орзуи тоҷики 89-сола – ҳимоятгари Сталинградро ҷомаи амал пӯшонид

Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе Ҳаким Ҳалимов бори дигар аз маконе, ки барои ҳимояти онҳо замоне ҷангида буд, боздид кард. Бино ба иттилои портали расмии губернатор ва ҳукумати вилояти Волгогради Русия, санаи 8-уми август иштирокчии 89-солаи муҳорибаҳои Сталинград Ҳаким Ҳалимов аз Тоҷикистон ба шаҳри Волгоград омадааст. Орзуи собиқадори ҷанг ба туфайли […]

Аваз Юлдошев



Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе Ҳаким Ҳалимов бори дигар аз маконе, ки барои ҳимояти онҳо замоне ҷангида буд, боздид кард.

Бино ба иттилои портали расмии губернатор ва ҳукумати вилояти Волгогради Русия, санаи 8-уми август иштирокчии 89-солаи муҳорибаҳои Сталинград Ҳаким Ҳалимов аз Тоҷикистон ба шаҳри Волгоград омадааст. Орзуи собиқадори ҷанг ба туфайли дастгирии президенти Русия Владимир Путин ва ҳукумати Волгоград ҷомаи амал пӯшид. Маҳз бо дархости кумак ба ташкили сафар ба Волгоград Ҳаким Ҳалимов ҳангоми гузашти низомии 9-уми май ба Владимир Путин муроҷиат карда буд.

Сарфи назар аз пиронсолӣ, Ҳаким Ҳалимов мустақилона аз зинапояҳои Қӯрғони Мамай боло шуда, ба пояи муҷассамаи ёдгории Ватан-Модар, Оташи абадӣ ва оромгоҳи фармондеҳи артиши 62-юм Василий Чуйков гулчанбарҳо гузошт.

Ба қавли Ҳаким Ҳалимов, боздид аз Сталингради эҳёшуда орзуи ягона ӯ буда, рӯзҳои наздик дидору мулоқоти ӯ бо и.в. раиси вилоят Қаҳрамони Русия Андрей Бочаров ва боздид аз корхонаи «Красний Октябр», ки соли 1941 Ҳаким Ҳалимов коргоҳҳои онро ҳимоя мекард, дар назар аст.

Ҳаким Ҳалимов соли 1926 таваллуд шуда, соли 1942 ба хизмат дар сафҳои Артиши Сурх даъват карда мешавад. Аллакай моҳи декабри соли 1942 сарбози ҷавон дар муҳорибаи Сталинград ишштирок мекунад. Дар муҳорабаҳои шадид ӯ маҷрӯҳ шуда, вале баъди табобат боз ба майдони набардҳо бармегардад. Аз соли 1949 Ҳакимов Ҳалимов дар шаҳри Душанбе иқомат дошта, то ба нафақа баромадан ба ҳайси бинокор фаъолият мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.