Прокуратураи генералии Қирғизистон нисбати Низомхон Ҷӯраев дархост нагирифтааст

Прокуратураи генералии Қирғизистон дар робита ба Низомхон Ҷӯраеви мавриди ҷустуҷӯ қарордошта ҳеҷ дархосте аз ҷониби Тоҷикистон нагирифтааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии кишвари ҳамсоя хабар доданд, дар робита ба Низомхон Ҷӯраев ба онҳо «аз мақомоти давлатии Тоҷикистон ҳеҷ гуна дархости расмӣ ё мактуб нарасидааст». Котиби матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Гулмира Борубоева ба «Азия-Плюс» […]

Фирӯз Умарзода



Прокуратураи генералии Қирғизистон дар робита ба Низомхон Ҷӯраеви мавриди ҷустуҷӯ қарордошта ҳеҷ дархосте аз ҷониби Тоҷикистон нагирифтааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии кишвари ҳамсоя хабар доданд, дар робита ба Низомхон Ҷӯраев ба онҳо «аз мақомоти давлатии Тоҷикистон ҳеҷ гуна дархости расмӣ ё мактуб нарасидааст».

Котиби матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Гулмира Борубоева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар бораи дархости расмӣ оид ба аз ҷониби Ҷӯраев убур кардани марзи Қирғизистон ва дар қаламрави ин кишвар қарор доштани ӯ дар даст ҳеҷ маълумоте надорад.

«Агар мақомоти Тоҷикистон берун рафтани ин шаҳрванд аз қаламрави Тоҷикистонро манъ карда бошанд, Агентии зиддифасоди Тоҷикистон мебоист ба КДАМ ё ВКД Қирғизистон дархости расмӣ ирсол мекард. Хадамоти мо иҷрокунанда аст ва ман оид ба дархосте дар ин бора хабар надорам. Ба ҳар ҳол, ҳатто дар сурати дар ин ҷо қарор доштани ин шахс, ман дар ин бора иттилоъ ҳам дода наметавонистам, зеро ин маълумоти мафхиест, ки бевосита ба шаҳрванд марбут аст», – гуфт Борубаева.

Ёдрас мекунем, ки қаблан

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон

расидани мактуби расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт ва истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев ба онҳоро низ рад карда буд.

Чанд рӯз қабл зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назрати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба журналистон изҳор кард, ки соҳибкори тоҷик, собиқ роҳбари корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев тибқи маълумоти расида ба Агентӣ, дар қаламрави кишвари ҳамсояи Қирғизистон 

паноҳ мебарад.

Ӯ қайд карда буд, ки ба мақомоти дахлдори Қирғизистон ҷиҳати истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистон дархост ирсол гардида, вале алҳол ба он посух нагирифтаанд. «Парвандаи Низомхон Ҷӯраев мебоист рӯзи 18-уми июн баррасӣ шавад, «аммо Ҷӯраев таври номаълум санаи 16-уми июн, баъди ба дасташ расидани даъватнома барои ҳозир шудан ба суд, 

бедарак шуд

»», – иброз дошта буд ӯ.

Қобили зикр аст, ки санаи 23-юми июни соли равон Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев 

мавриди ҷустуҷӯ

 эълон шуд.

Ёдрас мекунем, ки Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврпупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.

Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир шудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.