Иқдоми хайрияи навбатии «Дасти ёрӣ» дар ноҳияи Ғончӣ

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ташкилоти хайрияи «Дасти ёрӣ» дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд иқдоми хайрияи навбатиро роҳандозӣ намуд. Ин дафъа ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ғазантараки ин ноҳия кумак расонида шуд. Ташкилот ба муассисаи таълимӣ 75 адад комплекти мизи мактабӣ, 150 курсӣ барои синфҳои таълимӣ ва 10 адад ҷевон тақдим кард. Ҳамчунин ба 30 […]

ASIA-Plus



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ташкилоти хайрияи «Дасти ёрӣ» дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд иқдоми хайрияи навбатиро роҳандозӣ намуд. Ин дафъа ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ғазантараки ин ноҳия кумак расонида шуд.

Ташкилот ба муассисаи таълимӣ 75 адад комплекти мизи мактабӣ, 150 курсӣ барои синфҳои таълимӣ ва 10 адад ҷевон тақдим кард. Ҳамчунин ба 30 нафар толибилмон аз оилаҳои камбизоат лавозимоти канселярӣ ва асбоби хониш супурда шуда, маблағи умумии кумак 23 ҳазор сомониро ташкил дод.

То оғози соли нави хониш ташкилоти «Дасти ёрӣ» боз ба кӯдакистон дар ноҳияи Истаравшан кумак хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.