Семинари умумиҷумҳуриявии ВКД оид ба мубориза бо ГМҶ

Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд семинар-ҷаласа дар мавзӯи «Коркарди оперативӣ-агентурӣ: ташкил ва тактикаи мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ (ГМҶ)» оғоз гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, семинар-ҷаласаи мазкур, то 20-уми августи соли равон идома ёфта,  он асосан ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бахшида шудааст. Дар ин семинар […]

ASIA-Plus



Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд семинар-ҷаласа дар мавзӯи «Коркарди оперативӣ-агентурӣ: ташкил ва тактикаи мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ (ГМҶ)» оғоз гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, семинар-ҷаласаи мазкур, то 20-уми августи соли равон идома ёфта,  он асосан ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бахшида шудааст.

Дар ин семинар намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла аз ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадор, Хадамоти гумрук, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Вобаста ба самтҳои фаъолияти оперативӣ дар мавзӯҳои гуногун мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухориев Мансур Ғоибович, муовини сардори Академия полковники милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, полковники милитсия Қосимова Маҳбуба Абдунабиевна  маърӯза хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.