Ифтитоҳи маркази савдои «Пойтахт-90» дар Душанбе

Моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе маҷмааи савдои нави «Пойтахт-90» дарҳои худро барои харидорон боз мекунад. Директори ҶДММ «Строй комплекс» Саид Икромов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сохтмони бинои сеошёнаи маркази савдо дар кӯчаи Сурхоб (наздикии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом мерасад. […]

Маҳпора Киромова



Моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе маҷмааи савдои нави «Пойтахт-90» дарҳои худро барои харидорон боз мекунад.

Директори ҶДММ «Строй комплекс» Саид Икромов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сохтмони бинои сеошёнаи маркази савдо дар кӯчаи Сурхоб (наздикии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом мерасад.

Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе ва паймонкори асосӣ – ҶДММ «Строй комплекс» мебошад. Бино ба маълумоти ҳукумати пойтахт, маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳри Душанбе барои сохтмони ин иншоот 202,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Дар иншоот беш аз 550 нафар машғули коранд, ки аксарашон бинокорон аз пойтахту навоҳии гирду атоофи он ва сокинони водии Рашту Бадахшон ва вилояти Хатлон мебошанд. Ҳамчунин дар баробари онҳо дар сохтмони иншоот 40 нафар мутахассисон аз Туркия низ фаъолият доранд», – иброз дошт С.Икромов.

Зимнан зикр гардид, ки барои ба сатҳи байнулмилалӣ ҷавобгӯ будани иншоот аз Туркия низоми ҳавософкуниву масолеҳи сохтмон, мебелу шишгаҳои бузургҳаҷм, аз Чин қандилҳои қариб думетраву навъҳои гуногуни сангҳои ороишӣ, аз Русия сохтори металлӣ барои боми иншоот ва дигар масолеҳу сохтмону лавозимот аз дигар кишварҳои хориҷӣ низ харидорӣ шуда, аз корхонаҳои дохили кишвар низ чанде аз масолеҳи сохтмон истифода мешавад.

«Ғайр аз ин, бинои иншоот бо ҳунари наққошӣ ва ороишоти миллии ҳунармандони тоҷик зебу оро дода шудааст. Боми иншоот бо шакли гумбази секунҷа пурра из шишаи тафсондашуда иборат хоҳад буд, ки аз Туркия оварда шудааст», – гуфт ҳамсуҳбат.

Қобили зикр аст, ки бино аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. «Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд», – афзуд Икромов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова