Дар як сол шумори аҳолии Тоҷикистон 2,3% зиёд шуд

Тайи соли ахир шумори аҳолии Тоҷикистон ба миқдори 2,3% зиёд шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба аввали моҳи июли соли ҷорӣ шумори аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 8 млн. 246 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 2,3% зиёдтар аст. Ба иттилои манбаъ, афзоиши қобили мулоҳизаи аҳолӣ […]

ASIA-Plus



Тайи соли ахир шумори аҳолии Тоҷикистон ба миқдори 2,3% зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба аввали моҳи июли соли ҷорӣ шумори аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 8 млн. 246 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 2,3% зиёдтар аст.

Ба иттилои манбаъ, афзоиши қобили мулоҳизаи аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шудаааст,ки  шумори аҳолии онҳо муддати як сол 2,5% афзуда, мутаносибан 2 млн. 934 ҳазор ва 1 млн. 898 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра шумори аҳолии вилояти Суғд 2,2% зиёд шуда, ба аввали моҳи июли соли ҷорӣ ба 2 млн. 422 ҳазор нафар баробар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тайи соли ахир шумори аҳолии шаҳри Душанбе 1,7% афзуда, айни замон дар пойтахти кишвар қариби 780 ҳазор нафар иқомат доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки сатҳи афзоиши камтарини аҳолӣ дар ин давра дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон ба қайд гирифта шудааст, ки он 0,9%-ро ташкил медиҳад. Дар ин вилоят, ки қариби нисфи қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ба аввали нимсолаи аввали соли равон каме бештар аз 213 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.