Дискоклуби «Диёр» дар Душанбе кӯчонида шуд

Дискоклуби «Диёр» дар Душанбе кӯчонида шуд. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки ин бино намо (фасад)-и бинои навсохти мактаби миёнаи №8-ро мепӯшонидааст. Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии назди мақомоти шаҳрдории Душанбе Қудратулло Файзуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамчунин бинои дискоклуб дар пушти хатти ба истилоҳ сурх воқеъ будааст, ки мутобиқи нақшаи генералии […]

Меҳрангез Турсунзода



Дискоклуби «Диёр» дар Душанбе кӯчонида шуд. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки ин бино намо (фасад)-и бинои навсохти мактаби миёнаи №8-ро мепӯшонидааст.

Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии назди мақомоти шаҳрдории Душанбе Қудратулло Файзуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамчунин бинои дискоклуб дар пушти хатти ба истилоҳ сурх воқеъ будааст, ки мутобиқи нақшаи генералии нав, он ҷо бояд роҳ ҷойгир шавад. «Қаламрави озодшуда ба ихтиёри мактаб супурда мешавад», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки, ба моликони иншоотҳо дар бинои дискоклуб мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷубронпулӣ медиҳад.

Қобили зикр аст, ки бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе моҳи марти соли ҷорӣ бо иштироки президенти мамлакат ба истифода дода шуд. Бинои нави мактаб ба тамоми меъёрҳои банулмилалӣ ҷавобгӯ аст. Он аз ҳисоби воситаҳои буҷет дар ҳаҷми беш аз 30 млн. сомонӣ бунёд гардида, барои таҳсили 2700 нафар толибилмон дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.