Дар Тоҷикистон тамоили афзоиши пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тариқи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки мили ҷумҳурӣ, бақияи амонатҳо дар охири моҳи июли соли ҷорӣ 5,9 млрд. сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2 фоиз зиёдтар аст. Аз он 33,1 фоиз ё 1,9 млрд. сомонӣ амонатҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 66,9 фоиз ё беш аз 3,9 млрд. сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Амонатҳои номбурда дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 4,1 ва 19,9 фоиз афзудаанд.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар ҳафт моҳи соли 2014 фоизи миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,20 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 11,97 фоизи солонаро ташкил намуд, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли рафта 0,3 банди фоизӣ паст ва 0,9 банди фоизӣ баланд шудаанд.



