Дар Тоҷикистон эътимод ба бонкҳо қавитар мегардад

Дар Тоҷикистон тамоили афзоиши пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тариқи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки мили ҷумҳурӣ, бақияи амонатҳо дар охири моҳи июли соли ҷорӣ 5,9 млрд. сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2 фоиз зиёдтар аст. Аз он 33,1 фоиз […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар Тоҷикистон тамоили афзоиши пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тариқи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки мили ҷумҳурӣ, бақияи амонатҳо дар охири моҳи июли соли ҷорӣ 5,9 млрд. сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2 фоиз зиёдтар аст. Аз он 33,1 фоиз ё 1,9 млрд. сомонӣ амонатҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 66,9 фоиз ё беш аз 3,9 млрд. сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Амонатҳои номбурда дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 4,1 ва 19,9 фоиз афзудаанд.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар ҳафт моҳи соли 2014 фоизи миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,20 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 11,97 фоизи солонаро ташкил намуд, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли рафта 0,3 банди фоизӣ паст ва 0,9 банди фоизӣ баланд шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.